Главная / Илм / Петрография

Петрография

Петрография (аз юн. реtros— сайт ва …графил), илмест дар бораи ҷинсҳои кӯҳӣ, таркиби минералӣ ва химиявии онҳо, структура ва тексту­ра, шароити ҷойгиршавӣ, қонунияти пайдоиш, тағйирёбӣ ва паҳншавии ҷинсҳои кӯҳӣ дар қишр ва рӯи Замин. Петрография ба силсилаи илмҳои геологӣ мансуб буда, бо минералогия, гео­химия, вулконшиносӣ, тектоника, стратиграфия ва таълимот оид ба сарватҳои зеризаминӣ зич алоцаманд аст. Петрография аз рӯи типи ҷинсҳои кӯҳии омухташаванда ба Петрографияи ҷинсҳои куӯҳии магмавӣ, метаморфӣ ва тахшинӣ ё литология ҷудо мешавад. 95% қишри Замин аз ҷинсҳои кӯҳии маг­мавӣ ва метаморфӣ (то чуқурии 16—20 км) таркиб ёфтааст.

Петрографияи ҷинсҳои магмавӣ ҷинсҳои кӯҳии кристаллиеро меомӯзад, ки дар натиҷаи хунукшавӣ на кристаллбандии магма ҳосил шудаанд. Петрографияи ҷинсҳои мета­морфӣ ҷинсҳои кӯҳиеро, ки таркиби пештараи минералӣ ва химиявии худро тағйир додаанд, тадқиқ мекунад. Инчунин ҷинсҳои кӯшии байни таҳшинӣ ва магмавӣ ҳастанд, ки таркиби онҳо аз моддаҳои магмавӣ иборат буда, тарзи пайдоиш ва ша­роити ҷойгиршавиашон ба ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ монанд аст.

Усулҳои тадқиқоти петрографӣ гуногунанд. Ҳангоми тадқиқоти саҳроӣ намуди ҷинсҳои кӯҳӣ, шароити ҷойгиршавӣ, синни ҷинсҳо, алоқамандии онҳо бо ҷинсҳои кӯҳии атроф, таркишҳо, ҷойҳои баҳамрасии ҷинсҳои кӯҳии гуногун ва тағйирёбии онҳо омӯхта мешаванд. Яке аз усулҳои асосии тадқиқоти петрогра­фӣ дар лабораторияи ба воситаи микроскопи поляризатсионӣ омӯхтани шлифҳои (пардаҳои тунуки) ҷинсҳои кӯҳӣ мебошад. Ҷинсҳои кӯҳиро бо усулҳои таҳлили химиявӣ, рентгеноструктурӣ, спектрӣ, термикӣ, муайян кардани синни мутлақ ва резонанси термоядроӣ низ тадқиқ мекунанд. Дар омӯхтани ҷинс­ҳои кӯҳии таҳшинӣ баъзе усулҳои махсус (таҳлили механикӣ, муайян кардани фауна, тадқиқи хусусиятҳои физикӣ ва ғайра) татбик карда мешаванд.

Дар просесси тадқиқоти эксперименталӣ бошад, дар лабораторияҳои махсус ҷинсҳои кӯҳиро тавассути ҳарорат ва фишори баланд гудохта, тарзи пайдоиши онҳоро меомӯзанд. Дар асоси тадқиқотҳои геологии саҳроӣ, лабораторӣ ва эксперименталӣ дар хусуси пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва аҳамияти амалии онҳо хулоса мебароранд. Ҳоло Петрография ба петрохимия, петрофизика, петротектоника (нетрологияи структурӣ), физикию химиявӣ, техникӣ ва кайҳонӣ барин қисмҳо ҷудо мешавад. Петрографияи кайҳонӣ метеоритҳо, ҷинсҳои кӯҳии моҳ ва дигар сайёраҳоро меомӯ­зад. Гарчанде дар асарҳои Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, М. В. Ломоносов ва дигарон оид ба ҷинсҳои кӯҳӣ ва пайдоиши онҳо баъзе мулоҳизаҳо мавҷуд бошанд ҳам, танҳо дар миёнаҳои асри 19, баъд аз он, ки барои омӯхтани ҷинсҳои кӯҳӣ микроскопи поляризатсиониро татбиқ намуданд (олимони англис Г. К. Сорби ва немис Ф. Сиркел), Петрография аз геология ҷудо шуда, илми мустақил гардид.

То татбиқи микроскоп ҷинсҳои кӯҳиро ба 3 навъи асосӣ — магмавӣ, таҳшинӣ ва метаморфӣ ҷудо карда буданду бас. Тадқиқоти микроскопӣ имконият дод, ки таркиб ва сохти ҷинсҳои кӯҳӣ муфассал омӯхта шаванд. Оид ба пайдоиш ва сабабҳои гуногунии ҷинсҳои куӯҳӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф пайдо шуданд. Олими немис К. Г. Розенбуш асоси систематикаи ҷинсҳои кӯҳиро пешниҳод кард. Олими рус Е. С. Фёдоров (18ЭД) усули нави тадқиқоти микроскопӣ – теодолитии минералҳоро ихтироъ намуд, ки ҳоло онро усули Фёдоров меноманд. Летрографҳои советӣ Ф. Ю. Левин­сон-Лессинг таснифи химиявии ҷинс­ҳои магмавӣ, А. Н. Заваритский асосҳои петрохимия, Д. С. Белянкин петрографияи техникӣ, Д. С. Коржинскин ва В. С. Соболев масъалаҳои пайдошии ҷинсҳои метаморфӣ, С. С. Смирнов, Ю. А. Билибин ва Ҳ. М. Абдуллоев масъалаҳои алоқаи маъдану ҷинсҳои кӯҳиро тадқиқ кар­данд. Солҳои охир усулҳои омӯзиши форматсионии ҷинсҳои кӯҳӣ .(Г. Д. Афанасев, В. С. Коптев-Дворииков, Ю. А. Кузнецов), тадкики муфасса- ли петрографй, минералогӣ ва петрохимиявии комплексҳои алоҳида, ҷинсҳои кӯҳии қадимтарини қаъри Замин ва ҷинсҳои кайҳонӣ хеле инкишоф ёфт.

Омӯзиши Петрографияи ҷинсҳои магмавӣ ва метаморфии Тоҷикистон аз солҳои 30 ба муносибати тадқиқот­ҳои геологии экспедитсияи Помири АФ СССР сар шуд. Дар ин соҳа хизмати В. А. Николаев, Б. Н. Наследов, Т. И. Иванова, Е. Д. Полякова, Н. К. Морозенко, И. К. Никитин, X* М. Аб­дуллоев, М. X. Хамидов, И. В. Белов, А. Т. Тарасенко, Е. Н. Горецкая, И. В. Мушкпп, Р. Б. Баротов, С. М. Бобохоҷаев, А. Ҳ. Ҳасанов ва дигарон калон аст. Дар соҳаи Петрография асосан институтҳои тадқиқоти илмии АФ СССР, идораю управленияҳои Вазорати геологияи СССР ва республикаҳои иттифоқӣ, донишкадаҳои олӣ тадқиқот мебаранд. Дар Тоҷикистон институти геоло­гияи АФ РСС Тоҷикистон, факултети геологияи УДТ ва ғайра бо тадқиқоти петрографӣ машғуланд. Соли 1952 дар назди Шӯъ­баи илмҳои география ва геологияи АФ СССР Комнтети байниидоравии петрография ташкил ёфт, ки он дар ҳар республика шӯъбае дорад. Аз соли 1953 ин ҷониб дар ҳар 4—5 сол як бор маҷлиси машваратии умумииттифоқӣ ва регионалӣ барпо мегардад. Асарҳои илмии соҳаи Петрография дар серияҳои геологии «Маърӯзаҳо» ва «Ахборот»-и АФ СССР, инчунин дар журнали «Геологияи советӣ» ва ғайра нашр мешаванд.

Ад.: Л е в и п с о н-Л е с с и и г Ф. Ю., Набр. труды, т. 4— Петрография. М.. 1955; Заварицкий А. Н., Изверженные горные породы. М., 1961; Саранчи на Г. М., Шинкарёв М. Ф., Петрология магматических в метаморфических по­род, М., 1973; Баратов Р. Б., Итоги и перспективы изучения магматизма, ме­таморфизма и металлогении Таджикис­тана. «Изв. АН Таджикской ССР», Отд. физ-мат. и геол-хим. наук, М 1, 1976.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

petroximiya

Петрохимия

Петрохимия, як фасли петрографияро гӯянд, ки тарзи тақсимшавии элементҳои химиявиро дар таркиби Ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ …