Маълумоти охирин
Главная / Илм / Петрофизика

Петрофизика

Петрофизика (аз юн. реtros — санг ва …физика), як соҳаи илми геология, ки хосиятщои физикии ҷинсҳои кӯҳиро дар алоқамандӣ бо таркиби минералӣ, структура ва таърихи пайдоиши онҳо тадқиқ мекунад. Мафҳуми «Петрофизика»-ро бори аввал геофизики РДГ Ф. Фрёлих дар илм ҷорӣ кардааст (1953). Петрофизика хосияти ҷинсҳои кӯҳиро бевосита дар саҳро бо ёрии усулҳои петрографӣ, тадқиқоти геофизикӣ ва космофизикӣ, инчунин бо усулҳои лабораторӣ меомӯзад. Ҷинсҳои кӯҳие, ки дар асоси тадқиқоти саҳроӣ ба даст оварда мешаванд, аз рӯи хусусиятҳояшон тасниф карда шуда, натиҷаҳои он дар харитаҳои петрофизикӣ тасвир меёбанд.

Петрофизика маълумотро оид ба хо­сиятҳои ҷинсҳои кӯҳии муайян истифода бурда, шароитҳои конкретии термодинамикии пайдоиши онҳоро муқаррар мекунад ва барои моделонии физикию механикӣ (омӯхтани хосияти ҷинсҳои кӯҳӣ ҳангоми фишор ва ҳарорати баланд) имконият фароҳам меоварад. Петрофизика махсусан солҳои 60—70 ба муносибати зарурати омӯх­тани табақаҳои чуқури қишри За­мин, ки ба муайян намудаии манбаъҳои маъдан, пайдоиши ҷинсҳои кӯҳӣ ва ҳодисаҳои сейсмӣ равона карда шуда буданд, аҳамияти калон пайдо кард.

Ад.: Беликов Б. П., Александ­ров К. С., Р ы ж о в а Т. В., Упругие свойства породообразующих минералов я горных пород, М., 1970; Физико-механи­ческие свойства горных пород и минера­лов при высоких давлениях я темпе­ратурах, М., 1974.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …