Перташевчиён, ҷ а м ъ и я т и петрашевчиён, кружоки петрашевчиён, иштирокчиёни кружоки сиёсии М. В. Петрашевский. ки солҳои 1845—1849 дар Петербург вуҷуд дошт. Мақсади Петрашевчиён мубориза бар зидди мутлақият ва крепостнойчигӣ буд. В. И. Ленин навишта буд, ки пайдоиши интеллигенсияи сотсиалистӣ «аз кружоки петрашевчиён» оғоз меёбад (Ас., ч. 7. с. 30). Дар байни Перташевчиён дар баробари дворянҳо разночиҳоо — Н. А. Спешней. А. В. Хапиков, Д. Д. Ахшарумов, Н. А. Момбелли. П. С. Кашкин, Ф. М. Достоевский ва дигарон низ буданд. Ақидаҳои сиёсии Петрашевсчиён гуногун буд, вале аксарияти онҳо ба ҳокимияти подшоҳӣ нафрат доштанд, пайравони сотсиализми хаёлӣ буданд, ба револютсияи деҳқонон тайёрӣ медиданд.
Петрашевчиён дар маҷлисҳо масъалаҳои озод кардани деҳқонон, бо республикаи демократӣ иваз кардани мутлақият, муқарраркунии суди кушод ва судҳои интихобӣ, озодии матбуот. пропагандаи ғояҳои пенқадами иҷтимоию сиёсиро дар байни омма муҳокима мекарданд. Бисёр Петрашевсчиён дар мавқеи материализми томарксистӣ меистоданд, атеист буданд, бо идеологияи расмии помешикӣ мубориза мебурданд. Петрошевчиён дар солҳои охири фаъолияташон мехостанд ҷамъияти махфие ташкил кунанд, ки программа ва тактикаи худро дошта бошад. Кӯшиш доштанд чойхонаи пинҳонӣ кушоянд 23. 4. 1849 Петрашевчиён ҳабс шудаид. 123 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуда. 21 нафар ба қатл маҳкум гардид. Баъд (22 декабри 1849) ҳукми қатлро бо бадарға иваз намуданд. Боқимондаҳо ба ротаҳои махсус фиристода шуданд.
Ад.: Лейк и н а-С в и р с к а я В. Ф., Петрашевцы. М., 15)65; У с а к и н а Т. И.. Петрашевцы и литературно-оощеетвеииое Движение 40-их годов XIX в , (Жиратов 1965.