Главная / Маданият ва санъат / Петрарка Франческо

Петрарка Франческо

Петрарка (Реtrarса) Франческо (20. 7. 1304, Арессо —19. 7. 1374, Ар­куа, назди Падуя), шоири италиявӣ. Аз оилаи нотариус. Дар Унститутҳои Монпеле (1316), Болоня (1320) илми ҳуқуқро омӯхтааст. Петрарка саромади маданияти гуманистии давраи Эҳё бошад ҳам, эҷодиёташ аз таъсири майлу равияҳо, принсипҳои ахлоқии асримиёнагӣ орӣ нест. Инсон ва майли ӯ ба озодӣ мавзӯи асосии эҷодиёти Петрарка мебошад. Ақидаҳои фалсафӣ, сиёсӣ ва эстетикии Петрарка дар рисолаҳои «Безорӣ аз олам» (1342— 1343), «Олами танҳоӣ» (1346—1366), «Дар бораи ҷоҳилии худам ва дигарон (1367—1370), «Мактуб ба наслҳо» (1374) ва ғайра ифода ёфтаанд. Петрарка мураттиб ва тафсиркунандаи дастнависҳои шоирони Рими Қадим буд.

Баъзе асарҳои бадеии ӯ («Африка», 1339—1342) ва ғайра ба забони лотинӣ навишта шудаанд. Вале шоир бештар бо лирикаи ишқӣ ва сиёсиаш, ки ба забони италиявӣ эҷод карда буд, шӯҳратманд гашт («Италияи ман», «Рӯҳи олӣ» ва ғайра). Асарҳои ба Лаура (зане, ки соли 1327 Петрарка бо ӯ дар калисо вохӯрда будааст) бахшидаи Петрарка: «Дар васфи Ма­донна Лаура», «Дар вафоти Мадон­на Лаура» (сонетаҳо, кансонаҳо, мадригалҳо ва ғайра) дар эҷодиёти ӯ мавқеи хос доранд.

Достони рамзии «Тантанал зафар» (1354) низ ба Ла­ура бахшида шудааст. Петрарка дар таърихи назми Европа аввалин шахсест, ки лирикаро аз таъсири мазмунҳои динӣ ва рамзию шартӣ озод карда, ба васфи ишқи дунявӣ пардохт. Лири­каи Петрарка ба инкишофи назми Европа таъсири бузург расонидааст. Пеирарка дар баробари Данте ва Ҷ. Бокаччо яке аэ асосгузорони забони италиявӣ ба шумор меравад.

Ос.: Избранное, М., 1074.

Ад.: Хлодовский Р. И., Ф. Петрар­ка. Поэамл гуманизма. М., 1074.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

personaj

Персонаж

Персонаж (франс. Реrssonage, аз лот. реrsona — шахс, симо), иштирокчии пиеса (спектакл), сена­рия (кинофилм), роман …