Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Петкел Владимир Викторович

Петкел Владимир Викторович

Петкел Владимир Викторович (таваллудаш 19. 7. 1930 шаҳри Гатчина, вилояти Ленинград), ходими давлатии советӣ, Корманди фахрии органҳои бехатарии давлатӣ (1973), генерал-майор (1985). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1953. Институти дав­латии педагогии Карелияро хатм намудааст (1957). Фаъолияти меҳнатии Петит аз соли 1951, баъди хатми Омӯзишгоҳи дарёнавардии Ленинград чун ёрдамчии ме­ханики теплоходи «Сахалин» дар муассисаи киштиронии Баҳри Сафеду Онега оғоз ёфтааст.

Аз соли 1951 дар органҳои бехатарии давлатӣ. Дар РАСС Карелия, вилояти Мурманск, шаҳри Москва, аппарати марказии КБД СССР хизмат кард. Аз апрели 1982 ҷонишини раис, аз 18 январи 1985 раиси КБД РСС Тоҷикистон. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъвати 11). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медали «Ба­рои хизматҳои Ҷангӣ» ва дигар медалҳо, бо Грамотаи ҷашнии КМ ПК Тоҷикистон мукофотоиида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …