Маълумоти охирин

Петефи Шандор

Петефи Шандор (1. 1. 1823, Кишкёрёш — 31. 7. 1849, Фехередхаза), шоир ва демократи револютсионин венгер. Аз оилан тоҷир. Соли 1839 ба хизмати ҳарбӣ дохил шуд. Ба сабаби беморӣ соли 1841 аз хизмат озод гардида, актёри сайёҳ шуд; бо тарҷума ва китобат таъмини маишат менамуд. Шеъри аввалинаш соли 1842 ва маҷмӯаи нахустинаш бо номи «Шеърҳо» (1844) ба чоп расиданд. Эътирози псёнкорона дар назми Петефи дар маҷмӯаҳои «Зидди шоҳон» ва «Гули даштӣ» обуранги демократӣ гирифтааст.

Петефи қонуниятҳои романтизмро, ки дар назми он солҳо маъмул буданд. ши­каста, назмашро аз ҷиҳати шаклу мундариҷа ба асарҳои халқӣ наздик кардааст (достони мазҳакавии «Запгӯлаи деҳа», 1844; достони афсонавии «Паҳлавон Янош», 1844). Достонҳои «Пишта Силай» (1846) ва «Шалго» (1846) оҳангҳои фоҷиавӣ  доранд. Соли 1846 Петефи ташкилоти инқилобии ҷавонони шаҳри Пешт — «Ҷамъияти даҳнафарон»-ро таъсис намудан хост, ки мақсади он демократӣ кардани адабиёт буд.

Дар шеърҳои индавраинаи Петефи ҳодисаву воқеаҳои муборизаи иҷтимоӣ, ки худи шоир дар онҳо бевосита иштирок мекард, ба таври васеъ инъиткос ёфтаанд. Қаҳрамони ашъори ишқии шоир занест, ки дар муборизаҳои инқилобӣ бо ӯ ҳамсаф аст. Петефи яке аз роҳбарони шӯриши револютсионии 15 марти 1848 дар Пешт ва Буда буд. Петефи ба рево­лютсия ва таъсиси республикаи де­мократии мустақили Венгрия, барҳам задани феодализм даъват ме­кард («Суруди миллӣ», «Шоҳонро ба дор бояд кашид!», «Ба миллат», «Солҳои пурдаҳшат», «Ҳаёт ва марг», достони «Ҳаворӣ», 1874). Вале ба са­баби мушкилиҳои пешомада, бартарии ҳарбии душман, адами ҳаракатҳои инқилобӣ дар мамлакатҳои дигари Европа ба ашъори Петефӣ оҳангҳои яъсу ноумедӣ роҳ ёфтаанд. Петефӣ дар зудухӯрди зидди казакҳои армияи подшоҳӣ ҳалок гардид. Ба забони тоҷикӣ маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Умри барқ» (Д., 1969) чоп шудааст.

Ос.; Витязь Янош. Дэбраняые стихот­ворения, М., 1072.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …