Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пестаалосси Иогани Генрих

Пестаалосси Иогани Генрих

Пестаалосси (Реstalozzi) Погани Генрих (12. 1. 1746, Тсюрих—17. 2. 1827, Бругг), педагоги демократи Швейтсария, яке аз асосгузорони дидактикаи таълими ибтидоӣ. Аз оилаи табиб. Коллегиуми Каролинумро хатм намуда, дар Швейтса­рия муаллими кардааст. «Муассисаи камбағалони Нейхоф» (1774—1780), ва ятимхонаи Станса (1798—1799)-ро таъсис намуд, ба мактаби миёна ва Институти муаллимии Бургдоф (1800—1804) ва Ивердон (1805—1825) сарварӣ кард, Ҷаҳонбинӣ ва ақидаҳои педагогии Пестаалосси асосан зери таъсири афкори донишмандони Швейтсария ва осори маорифпарваронаи нимаи дуюми асри 18 Франсия, хусусан Ж. Ж. Руссо ташаккул ёфт.

Песталосси асарҳои зиёди педагогӣ офаридааст: «Линград ва Гертруда» (1781— 1787), «Гертруда фарзандони худро чӣ тавр таълим медиҳад» (1801), «Таронаи Қу» (1826) ва ғайра. Песталосси дар асарҳои худ ғояи маорифпарварони франсавиро бо назарияи файласуфони идеалисти немис Г. Лейбнитс, И. Кант, И. Г. Фихте ва дигарон пайваст. Ба ақидаи Песталосси тарбия бояд ҷиҳатҳои маънавӣ ва ҷисмонии одамиро вобаста ба саъю ғайрати бача ҳаматарафа инкишоф диҳад. Песталосси тарафдорӣ аз содда тадриҷан ба мураккаб гузаштани таълим буд. Усули таълими ибтидоии Песталосси ба аёният асос ёфтааст ва оид ба геометрия, суруд, расм, варзиши сабук маълумоти элементаӣй доданро дар назар дорад. Песталоси тарафдори ташкили мактабе буд, ки талаботи оммаи халқро қонеъ гардонад. Ба афкори педагогии П. К. Д. Ушинский, Н. К. Крупская, А. С Ма­каренко баҳои баланд додаанд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …