Пешгӯиҳои агрометеорологӣ, прогнозҳои агрометеорологӣ, пешгӯии муҳимтарин шароитҳои агрометеорологие, ки ба сабзиш, инкишоф ва ҳосили зироати хоҷагии қишлоқ таъсир мерасонанд. Ҳангоми Пешгӯиҳои агрометеорологӣ хусусияти, биологии растанӣ ва натиҷаи мушоҳидаҳои метеорологӣ ба асос гирифта мешавад. Вобаста ба пешомади шароитҳои агрометеорологӣ мӯҳлати коркарди хок, кишт, ҳосилғундорӣ, давраи нашъунамои зироати хоҷагии қишлоқ ва инчунин ҳосилнокии пешбинишуда ва ҷамъоварии навъҳои асосии маҳсулоти растаниро муқаррар мекунанд.
Пешгӯиҳои агрометеорологӣ беҳад дарозмуддат ва дарозмуддат мешавад. Пешгӯиҳои агрометеорологии беҳад дарозм у д д а т р о (3—4 моҳ пештар) вобаста ба навъи зироат ҳанӯз пеш аз кишт тартиб медиҳанд. Мақсад аз ин пешгӯӣ дар шароити ҳамон соли кишт муайян кардани хусусияти агротехникии киштукори зироат мебошад. Пешгӯиҳои агрометеорологии дарозмуддат (1 — 3 моҳ пештар) дар ин ё он ноҳия чӣ қадар ҳосил гирифтан ва ҷамъоварии ҳосили умимиро пешгӯӣ мекунанд. Аз Пешгӯиҳои агрометеорологӣ ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ, хоҷагиҳои алоҳида ва мутахассисони гуногунихтисос (агрономҳо, зоотехникҳо, байторон, энтомологҳо, фитонатологҳо ва ғайраҳо) истифода мебарапд.
Ад.: Ульянов Е. С., Методы агрометеорологических прогнозов. Л.. 1959; Руководство по составлению агрометеорологических прогнозов. Л.. 1962.