Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пешгӯйи обу ҳаво

Пешгӯйи обу ҳаво

Пешгӯйи обу ҳаво п р о г н о з и н а в ъ и ҳа во, пешакӣ аниқ кардани ҳолатҳои баъдинаи обу ҳаво дар асоси таҳлили илмии қонуниятҳои инкишофи просессҳои атмосферӣ. Ҳолати баъдинаи обу ҳавоӣ территорияи муайян (вилоят, кишвар, республи­ка), инчунин маҳалҳои алоҳидаи аҳолинишин, аэропортҳо, роҳҳои ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ғайраро барои муддати кӯтоҳ (1—2 шаборӯз) ва дароз 3—10 шаборӯз, моҳ ва зиёда аз он пешгӯй кардан мумкин аст.

Барои Пешӯёии обу ҳаво аз усулҳои метеорологияи синоптикӣ истифода мебаранд. Ба ин мақсеад аз рӯи натиҷаҳои мушоҳидаҳои стансияҳои гидрометеорологӣ ва аэрологӣ барои қабатҳои гуногуни атмосфера (аз сатҳи Замин то баландии 30 км) харитаҳои синоптикии обу ҳаворо тартиб модиҳанд (масалан, барои обу ҳавои Тоҷикистон ахбори зиёда аз 70 ст. гидрометеорологиро истифода мебарад, ки дар маҳалҳои шароити табиию географиашон гуногуни респуб­лика воқеъ гардидаанд).

Инчунин аз маълумоти радифҳои метеорологӣ ҳарҷониба истифода мебаранд. Таҳ­лили ин маълумотҳо имконият медиҳад, ки дар харитаҳои обу ҳаво пайдоиши массаҳои азими ҳаво, фронтҳои атмосферии байни ин мас­саҳо, сиклонҳо, антисиклонҳо ва ғайраҳо, ки тағйироти асосии обу ҳаво ба ҳаракату таҳаввули онҳо вобаста аст муайян карда шаванд. Прогнози моҳонаи обу ҳаворо барои республикаҳои Осиёи Миена Институти тадқиқоти илмии метеорологии Осиёи Миёна (Тошкент) тартиб медиҳад.

Ад.: Юдип М. П., Новые методы и проблемы краткосрочного прогноза пого­ды. Л.. 1963; Марчук Г. И., Числен­ные методы в прогнозе погоды. Л.. 1967.

Инчунин кобед

khuroka-10

Хӯрокҳои узбекӣ

Ошхонаи ӯзбекӣ дар минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон хеле фарқ мекунад. Палав ва хӯрокҳои орд барои минтақаҳои …