Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пешбинии илмӣ

Пешбинии илмӣ

Пешбинии илмӣ, як навъи фаъолияти назарист иборат аз тавсифу таъбири он падидаҳои табиат, ҷамъият ва ҳолатҳои рӯҳие, ки алҳол вуҷуд надоранд ё номаълуман­ду дар оянда ба вуқӯъ пайваста ва ё мавриди омӯзиш қарор гириф­та метавонанд. Пешбинии илм дар шакли нубувват, каромот, раммолӣ аз қадим маълум буд. Дар Юнон, Ҳиндустон, Хитой, Миср, Бобулистони Қадим бо­ри аввал Пешбинии илм ба соҳаҳои ҷудогона — Пешбинии илми ҳодисаҳои табиат (гирифтани Офтоб, пешгӯии ҳосил, тағйири обу ҳаво ва ғайра), Пешбинии илмии падидаҳои иҷтимоӣ (оғоз ва анҷоми ҷанг, ғалаба ё мағлубияти гурӯҳҳои сиёсӣ ва ғайра), Пешбинии илмии воқеаҳои рӯзгори одамони алоҳида (фавт, касалӣ, тавлид, никоҳ, сарватмандшавӣ) тақсим шуда буд. Пешбинии илм дар аввал касби коҳинон, пайғамбарон, шаманҳо ва ғайраҳо буд. За­рурати идораи ҷамъият, саноат, тиҷорат, ташкили заминдорӣ, баплангирии тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ Пешбинии илмро ба миён оварданд.

Пешбинии илмӣ баробари инкишофи илми муосир дар асрҳои 15—17 пайдо шудааст. Асоси Пешбинии илмӣ назариии илмиест, ки қонунҳои мантиқии бо ҳам алоқамандро ифода мекунад. Зимни қоидаҳои муқарраршуда аз қонунҳои муайян хулоса бароварда мешавад, ки он дар бораи хосиятҳо, муносибатҳо ва дигар ҷиҳатҳои ҳодисаи мазкур маълумот медиҳад. Пешбинии илмии дар як вақти муайян сурат гирифта ва ахбори нисбатан пурра доштаро одатан п е ш г ӯ й меноманд (масалан, тасвири хосиятҳои химиявии баъзе элементҳои кашфнашуда дар зимни сис­темаи даврии Менделеев ва пешгӯии позитрон аз тарафи Н. Дирак). Дар соҳаи падидаҳои ҷамъияти Пешбинии илмӣ ба туфайли кашфи қонунҳои асосии инкишофи системаҳои иҷтимоӣ дар доираи материализми таърихӣ имконпазир гардид. Дар асоси ин қонунҳо ташаккули форматсияи иҷтимоию иқтисодии нав — коммунизм, зарурати револютсияи сотсиалистӣ, диктатураи пролетариат ва ғайра пешбинӣ шуданд.

Дар шароити сотсиализм Пешбинии илмии тамоюлот ва ҷараёни воқеаҳои асосии ҳаёти ҷамъият бунёди идораи илмии ҷамъият аст. Дар шароити ҷамъияти буржуазӣ, ки ба он анар­хия и истеҳсолот, кризисҳои иқтисодӣ, волюнтаризм ва омилҳои дигари идоранашаванда хосанд. Пешбинии илмии падидаҳои иҷтимоӣ душвор аст. Аз ин рӯ ҳам назарияҳое пайдо шуданд, ки имконпазирии Пешбинии илмии падидаҳои иҷтимоиро инкор мекунанд.

Равияҳои асосии тахқиқи бунёди Пешбинии илмӣ инҳоянд: тадқиқи мантиқии баёну тариқи он; тадқиқи мукойсавии Пешбинии илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъинтшиносӣ; методи­ка ва услубҳои махсуси Пешбинии илмӣ, пеш­гӯӣ ва прогноздиҳие, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ сиёсат, маданнят, хулқу рафтори одамони ҷудогона истифода бурда мешаванд.

Ад.: В я н о г р а д  о в В. Г. и Гон­чару к С. И., Методологические прин­ципы социального предвидении. М., 1079.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …