Маълумоти охирин

Песета

Песета (исп. реseta), 1) тангаи қадимаи нуқра, ки асри 18 дар Испа­ния ва тақрибан асри 16 дар Мексика сикка зада шудааст. 2) Воҳиди пули Ис­пания, ки баробари 100 сентимо аст. 1 январи 1859 ба ҷой риол ҷорӣ шуда­аст. Июни 1864 бо эскудо иваз карда шуд. Аз нав октябри 1868 ба муомилот даромад. Песета солҳои Ҷанги якуми ҷаҳон ва хусусан солҳои Ҷанги гражда­нии Испания (1936—1939) хеле беқурб, баъди ҷанги дуюми ҷаҳон (1939—1945) борҳо девалватсия шуд. 3) Воҳиди пули Гвинеяи Экваторӣ, ки бароба­ри 100 сентимо аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …