Маълумоти охирин

Пес

Пес, песӣ, бара с, витилиго (дар лот. vitiligo—бемории рӯи пӯст, шукуфа), вайроншавии пигментатсияи пӯст, ки дар он пигменти қисмҳои алоҳидаи пӯст барҳам мехӯрад. Сабабгори Пес ҳанӯз маълум нест. Ба ин беморӣ кас одатан дар ҷавонӣ (бештар занҳо) гирифтор ме­шавад. Аввал дар рӯи пӯст доғҳоимой сафеди шаклу андозаашон ҳархела пайдо гашта, минбаъд ҳаҷман калон мешаванд ва бо ҳам даромехта, қисми зиёди баданро фаро мегиранд; сипас мӯи ҷои осебдидаи пӯст сафед мешавад. Пес дар ҳама ҷои пӯст пайдо шуда метавонад. Шахсони гирифтори Пес дардро ҳис намекунанд.

Муолиҷа: истифодаи нурҳои ултрабунафш ва препаратҳое, ки хассосияти пӯстро нисбат ба нурҳои ултрабунафш зиёд мекунанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …