Перу (Реru), Республикаи Перу (Republica del Peru), давлатест дар қисми ғарбии Америкаи Ҷанубӣ. Дар Ш.арқу Ғарб бо Эквадор, дар Шимолу Шарқ бо Колумбия, дар Шарқ бо Бразилия ва Боливия, дар Ҷануб бо Чили ҳамсарҳад аст. Дар Ғарб ва Ҷанубу Ғарб онро уқёнуси Ором иҳота намудааст. Масоҳаташ 1285 ҳазор км2. Аҳолиаш 17,76 млн (1981). Пойтахташ — шаҳри Лима (4,3 млн аҳолӣ, 1978). Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 23 департамент ва I музофот тақсим шудааст.
Сохти давлатӣ. Перу— республика. Дар натиҷаи интихоботи умумӣ (18 майи 1980) 28 июли 1980 дар Перу тарзи ҳукуматдории конститутсионӣ барқарор гардид. Сардори давлат ва ҳукумат президент, ки онро аҳолӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мекунад. Органи олии қонунбарор — конгресси дупалатагӣ. Органи иҷроияро президент ва Совети Вазирон ба амал мебароранд.
Табиат. Территорияи Перу ба 3 қиҷм ҷудо мешавад: минтақаи ҳамвори наздисоҳилӣ (Коста, бараш 80—180 км) — дар Ғарб; кӯҳсор (Серра) — дар марказ; бешазори сернам ва ҳамвориҳо (Селва) дар Шарқ Қариб 1/3 қисми территорияи Перу кӯҳсор аст. Кӯҳҳои Анди Перуро водиҳо ба қаторкӯҳҳои Кордилери Ғарбӣ, Кордилери Марказӣ ва Кордилери Шарқӣ ҷудо кардаанд (нуқтаи баландтарин — кӯҳи Уаскаран, 6768 м). Дар кӯҳҳои Кордилери Ғарбӣ вулқонҳои амалкунанда ва хомӯшшуда мавҷуданд. Селва нисфи территорияи мамлакатро ишғол мекунад.
Иқлими ноҳияи Коста ва нишебии кӯҳҳои Анд боёбонист, ҳарорати миёнаи моҳона дар соҳилҳо аз 15°С то 25°С. Иқлими Серра баландкӯҳӣ, тобистонаш сернами субэкваторӣ (боришоти солона то 1000 мм) ва дар Ҷануб тропикӣ (боришот 700—800 мм). Дарёҳои калонтарин — Маранон, Укаяли ба ҳавзаи дарёи Амазонка мансубанд. Кӯли калонтарин — Титикака. Дар соҳил ва нишебии кӯҳҳои Анд буттазори сирак ва кактус мерӯяд. Дар нишебиҳои шарқи Анд ва ҳамвориҳои Селва ҷангалҳои ҳамешасабзи намнок воқеанд, ки дарахтони қиматбаҳо доранд.
Аз ҳайвонот паланг, рӯбоҳ, гурбаи калони ваҳшӣ, маймунҳои гуногун, мӯрҷахӯр, инчунин хазандагону ҳашарот мавҷуданд. Парранда бисёр аст. Соли 1966 барои муҳофизати Ҳайвонот боғи миллии Лампа-де- Галерас кушода шуд.
Аҳолӣ. Тақрибан нисфи аҳолӣ перугиҳоанд, боқимонда ҳиндуёи, японҳо, хитоиҳо, испаниҳо ва дигарон. Забонҳои расмӣ: испанӣ ва кечуа. Дини ҳукмрон католикист, Шаҳрҳои калон: Лима, Арекипа, Каляо, Трухило, Чиклайо, Пюра.
Очерки таърихи. Одам дар территорияи Перу ҳанӯз дар ҳазораи 8 то мелод маскан карда буд. Дар охири ҳазораи 2—1 то мелод қабилаҳо муттаҳид шуданд. Дар ҳазораи 1 мелод дар территорияи ҳозираи Боливия ва ҷануби Перу давлати Тиауанако бунёд ёфт.
Дар асри 15 конфедератсияи қабилаҳои ҳинду бо сардории инкҳо қабилаҳои ҳамвавор ва дигар давлатҳоро ба тасарруфи худ дароварданд ва давлати Тауантинсуйу ба вуҷуд омад. Истилогарони Испания бо сардории Ф. Писарро ва Д. Алмагро солҳои 1532—1936 территорияи Тауантинсуйурс ишғол намуданд. Қатъи назар аз ин ҳиндуён бо роҳбарии Тупака Амару муборизаро бар зидди истилогарои бевосита давом доданд. Перу соли 1543 ба ҳайати шоҳии Перу ҳамроҳ карда шуд, ки он қисми калони Америкаи Ҷанубиро муттаҳид карда буд. Мустамликадорони Испания соли 1540 ба тақсими заминҳои Перу сар карданд. Инак, королии Испания дар Перу тарзи ҳаёти обшинагиро, ки дар замони инкҳо вуҷуд дошт, мустаҳкам кард. Соли 1570 аҳолии Перу 1,5 млн нафар (аз ҷумла 8 ҳазор нафар испаниҳо) буд. Мустамликадорони Испания территорияи забткардаашонро ба манбаи ашёи хоми метрополия табдил доданд. Дар асри 16 бофандагӣ ва мануфактура ба вуҷуд омад. Дар асрҳои 17—18 асоси иқтисодиёти мамлакатро саноати металлургия ташкил медод. Дар конҳо ғуломон-зангиёни аз Африка овардашуда кор мекарданд. Асри 18 шӯриши шаҳриён ва деҳқонон бар зидди мустамликадорон оғоз ёфт. Соли 1780 бо роҳбарии X. Г. Коидоркапки (зимни номи Тупак Амару) ҷанги деҳқонон сар шуд ва то соли 1783 давом кард. Соли 1810 дар Перу ҷанги озодихоҳии зидди мустамликадорони испанӣ сар зада, дер давом кард ва ниҳоят ба Ҷанги гражданӣ табдил ёфт. Дар шуӯриши зиддииспании солҳои 1811—1813 асосан деҳқонону ҳунармандон иштирок доштанд. Онҳо солҳои 1814—1815 таҳти роҳбарии пешвои ҳиндуён М. Гарсия Пумакауа шӯришро вусъат доданд. Ватанпарварон бо ёрни армиям аргентинки генерал Сан-Мартин ва корпуси колумбиягии С. Боливар ба испаниҳо ва реаксиоперони Перу шикаст доданд. Соли 1821 Сан- Мартин истиқлолияти Перуро эълон кард. Соли 1922 конгресси муассисон конститутсияи нахустини Перуро қабул намуд. Баъди дар назди Хунин ва Аякучо торумор гардидани мустамликадорон (1824) Перу аз зулми испаниҳо пурра озод шуд. Соли 1825 қисми ҷанубу-шарқии Перу, ки Перуи Боло ном дошт, ба республикаи мустақили Боливия табдил ёфт. Перу солҳои 1835—1839 дар ҳайати конфедератсияи Перу ва Боливия буд. Президент Р. Кастиля дар миёнаи асри 19 ислоҳот гузаронд ва десятинаи калисохҳ бекор, ғуломҳо озод карда шуданд, кодексҳои граждании ҷиноятӣ қабул ва бисёр қонунҳои давраҳои мустамликадорӣ бекор карда шуданд. Сохтмони роҳи оҳан, фабрикаҳо равнақ ёфт. Солҳои 60-ум аввалин ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҳунармандон ва коргарон ба вуҷуд омаданд. Баъди ҷанги байни Перу ва Чили (1879—1883) музофоти Тараиъпака ва департаментҳои Арина ва Такна ба мӯҳлати 10 сол ба ихтиёрн Чили гузаштанд (соли 1929 Такна ба Перу баргардонида шуд, Арика дар дасти Чили монд). Перу дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) сиёсати бетарафиро пеш гирифта буд. Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр коргарон, деҳқонон ва тамоми ватанпарварони Перуро ба мубориза барои комилҳуқуқӣ ва истиқлолияти милли ҳидоят намуд. Солҳои 1918— 1919 кӯҳканон, бофандагон, коргарони бандарҳо корпартоиҳо карданд, ки онҳо баъзан ба задухурди яроқнок табдил меёфтанд. Мувофиқи конститутсияи соли 1920 сарватҳои зеризаминӣ давлати эълон шуданд. Соли 1928 Партияи коммунистии Перу (ПКП) ташкил ёфт. Бо роҳбарии коммунистон Конфедератсияи умумии меҳнаткашон, Федератсияи батракон ва ғайра ташкил ёфтанд. Аз ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—1945) ҳаракати зиддифашистӣ қувват гирифт ва ҳукумати М. Прадо-и-Угартече маҷбур шуд режими сиёсиро демократӣ гардонад. Солҳои 1943—1944 бо ташаббуси коммунистон Конфедератсияи меҳнаткашони Перу, Ассотсиатсияи фарҳангии Перу — СССР ва Фронти демократии миллӣ ташкил ёфтанд. Соли 1948 генерал М. Одриа (1948—1956) ба сари ҳокимият омад ва озодиҳои асосии гражданиро барҳам дод, фаъолияти партияҳо ва иттифоқҳои касабаро манъ кард. Соли 1956 режими М. Одриа барҳам хурд ва ба сари ҳокимият боз М. Прадо-и-Угартече омада, озодиҳои гражданиро барқарор намуд. Иттифоқҳои касаба имконият пайдо карданд озод амал намоянд. Октбри 1968 ҳарбиёни ватанпарвар ба сари ҳокимият омада, ба азнавсозиҳои револютсионию зиддиимпериалистӣ шурӯъ намуданд: конҳои нефт, корхонаҳои саноати маъдан ба ихтиёри давлат гузаштанд, шартномаҳои монополияи хориҷӣ бекор карда шуданд; савдои беруна, банк, системаи пули, коммуникатсия ва алоқа ба таҳти назорати давлат гузашт. Соли 1969 ислоҳоти обу замин гузаронида шуд. Қисми зиёди саноати вазнин давлати гардонда шуд. Ҳукумати револзотсионии ҳарбӣ ба гузаронидани сиёсати мустақилонаю сулҳҷӯёнаи берунӣ шурӯъ намуд; бо Иттифоқи Советӣ ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ муносибатҳои дипломатӣ ва иқтисодию маданӣ барқарор намуд. Октябри 1978 дар шаҳри Арекипа Конференсияи 5-уми миллии Ассотсиатсияи робитаҳои фарҳангии Перу — Иттифоқи Советӣ баргузор шуд.
Партияҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба. Партияи «А м а л и ё т и х а л қ» (АХ), таъсисаш 1956. Як қисми буржуазия ва зиёиёнро муттаҳид менамояд. Партияи халқии христианӣ (ПХХ), таъсисаш 1966. Партияи рости ашаддии майдабуржуазӣ. Партияи христианҳои Перу, таъсисаш 1931, то 1977 Партияи халқӣ ном дошт. Ифодакунандаи манфиати буржуазияи миёна ва калони тиҷоратию саноати Партияи христианҳои демократ (ПХД), таъсисаш 1956, манфиати буржуазияи миёнаро ифода мекунад. Партияи сотсиалистии револютсионӣ (ЛСР), таъсисаш 1976. Партияи коммунистии Перу (ПКП), таъсисаш 1928.
Конфедератсияи умумии м е ҳ н а т к а ш о ни Перу (КУМП), таъсисаш соли 1968. Конфедератсияи меҳнаткатони Перу (КМП), таъсисаш 1944. М а р к а з и
и т т и ф о қ ҳ о и к а с а б а и меҳнаткашони р е в о л ю тс и я и Перу, таъсисаш 1972.
Хоҷагии қишлоқ. Майдони кпшт ва зироатҳои бисёрсола 2,3%, марғзору чарогоҳҳо 21,4% территоияи Перуро фаро гирифтаанд. Пахта, найшакар, гандум, шолӣ, чормағзи заминӣ, тамоку мепарваранд. Сабзавоткорӣ, зироати полизӣ, току боғдорӣ равнақ доранд. Соҳаи муҳими хоҷагӣ чорводорист. Гов, гӯсфанд, лама ва ғайра парвариш мекунанд. Перу соли 1980 (ба ҳисоби ҳазор сар) 3837 гов, 2156 хук, 14473 гӯсфанд дошт. Моҳигирӣ тараққӣ кардааст.
Саноат. Дар Перу мис, нуқра, сурб, руҳ, маъдани оҳан, манган, сурма, волфрам, молибден, висмут, симобу тилло, ангишсанг истихроҷ мекунанд. Соли 1980 10 млрд кВт с. қувваи электр истеҳсол карда шуд. ГЭС- ҳои калон: Мантаро, Уинко. заводҳои гудозиши металлҳои ранга ва сиёҳ софкории нефт, корхонаҳои селлюлозаю коғаз, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ, химия, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, киштисозӣ, васли мошинҳо мавҷуданд.
Нақлиёт. Тӯли роҳи оҳан тақрибан 2,4 ҳазор км, роҳи мошингард 58,5 ҳазор км. Тамоми борҳоро бо нақлиёти баҳрӣ мекашонанд. Бандарҳои асосӣ: Сан- Николас, Каляо, Талара, Чимчоте.
Нигаҳдории тандурустӣ. Солҳои 70-ум ба 1000 нафар аҳолӣ 41,3 нафар таваллуд, 8,3 нафар фавт ва ба 1000 кӯдаки навзод 72,2 нафар фавти кӯдакон рост меомад. Дар Перу касалиҳои сироятӣ, домана, сил, исҳоли хунин ва ғайра паҳн шудаанд. Соли 1972 дар Перу зиёда аз 300 касалхонаи дорои 31,2 ҳазор кат, 255 поликлиника, 9 диспансер, 976 пункти табобатӣ ва муассисаҳои санитарӣ буданд, ки дар онҳо 8 ҳазор духтур (1 духтур ба 2 ҳазор нафар аҳолӣ), 2,8 ҳазор духтури дандон, 2. ҳазор дорусоз, тақрибан 15 ҳазор корманди дорои маълумоти миёнаи тиббӣ кор мекарданд.
Маориф. Дар Перу то соли 1972 чунин системаи маориф вуҷуд дошт: мактабҳои ибтидоии 6-солаи ҳатмӣ (аа 6-солагӣ); мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ — коллеҷҳо (мӯҳлати таҳсил 5 сол); мактабу марказҳои таълими шабона; коллеҷ ва институтхӯҳои техникӣ, хоҷагии қишлоқ, ва савдо (мӯҳлати таҳсил 5 сол). Солҳои 1970-ум дар мактабҳои ибтидоӣ тақрибан 2,7 млн, дар мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ 547,3 ҳазор, дар мактабҳои касбҳои техникӣ 112,7 ҳазор талаба таҳсил мекард. Қариб сеяки университетҳо хусусианд. Таҳсил дар мактабҳои олӣ пулакист. Калонтарини университетҳо давлатианд; Университети миллии «Сан-Маркос» (Таъсисаш 1551), Университети миллии инженерӣ (1955), Университети миллии «Сан-Агустин» (1828). Солҳои 1970-ум дар университетҳо 125 ҳазор студент мехонд.
Аз соли 1972 дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронида мешапад, ки он характери демократӣ дорад ва ба вазифаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ мувофиқ аст. Системаи нави таълим ҷорӣ карда шуд: таълими томактабӣ (барои бачагони то 6-сола); таълими 9-солаи асосии ҳатмӣ ва бепул.
Дар Перу китобхонаи миллӣ (таъсисаш 1821), китобхонаи миллии Университети «Сан-Маркос», китобхонаи Университети миллии инженерӣ, Музеи таърих, Музеи миллии маданияти Перу, Музеи антропология ва бостоншиносӣ ва ғайра мавҷуданд.
Матбуот, радио, телевизион. Соли 1974 дар Перу беш аз 560 нашрияи даврӣ, аз ҷумла 32 газетаи ҳаррӯза мебаромад. Газетаҳои асосии ҳаррӯза: «ГГеруа- но» («Еl Peruano»), аз соли 1825; «Комерсио» («El Comercio»), аз соли 1839, «Кроника» («La Cronica»), аз соли 1912; «Унидад» («Unidad»), аз соли 1957, органи ПКП. Июли 1974 қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи он тамоми органҳои матбуот зери назорати ташкилотҳои ҷамъиятӣ гузаштанд. Дар Перу зиёда аз 200 радиостансия ҳаст. Ширкати ҳукуматии «Радио насонал» (таъсисаш 1937) 5 радиостансия дорад. Калонтарин ширкатҳои радиошунавонӣ—«Радио Америка» ва «Радио Панамерика». Телевизион соли 1958 ташкил шуд.
Адабиёт. Адабиёти Перу асосан ба забони испанӣ ривоҷ меёбад. Фолклори он ба забонҳои мардуми таҳҷой — кечуа ва аймара вуҷуд дорад. Намунаи барҷастаи осори то давраи мустамликадорӣ — драмаи халқии
«Олянтай» (соли 1853 нашр шудааст), ки ба забони кечуа эҷод ёфтааст, яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳонист. Асрҳои 16—19 солномаҳои таърихӣ эҷод шудаанд.
Нависандаи барҷастатарини охири асри 19 ва ибтидои асри 20 Р. Палма (1833— 1919) — муаллифи «Ривоятҳои Перу» (иборат аз 12 қисм, 1872—1915) мебошад. Аввали асри 20 дар адабиёти Перу ҷараёнҳои модернизм, символизм ва баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ авангардизм маъмул буданд. Солҳои 20-ум ва 30-юм асарҳое офарида шуданд, ки ғояҳои коммунистиро тартиб мекарданд. Шоири намоён, коммунист С. Валеҳо (1892—1938) ва дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ С. Алегрия (1909—1967), X. М. Аргедас (1913— 1969) дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ асарҳо офариданд.
Меъморӣ ва санъати тасвирӣ. Маданият дар территорияи Перу аз замонҳои қадим ривоҷ ёфтааст. Кулолӣ ҳанӯз дар асри 12 то мелод маълум буд, Шаҳрҳои қадимаи Перу маҳаллаҳои росткунҷа ва кӯчаҳои танг, марказҳои маданӣ, қалъа, кӯшку ибодатхонаҳо, аҳромҳо ва дигар иншоотҳо доштанд. Аз намунаҳои санъати нафисаи он то давраи мо гулдонҳои сернақшунигор, зарфҳои сафолии гулдор, матои пашмину пахтагин, қолинҳою кашидаҳои гулдӯзӣ, ҳайкалчаҳои тиллою нуқра, ниқобу асбобҳои зебу зинат боқӣ мондаанд. Дар нимаи 2- юми асри 16 ва нимаи 1-уми асри 17 шаҳрҳои нав бунёд шуданд, ки куӯчаҳои рост доштанд. Хонаҳои ҳавлидор, калисоҳои хиштин ва ғайра бунёд гардиданд. Дар нимаи 2-юми асри 17 ва асри 18 услуби бароккои Перу инкишоф ёфт. Меъмории асри 19 Перу дар пайравии класситсизми франсавӣ ва биносозии солҳои 1870-ум дар равияи эклектикаи итолиёвӣ ташаккул меёфт.
Дар асри 19 рассомон И. Мерино, Ф. Ласо, К. Бака Флор, Д. Эрнандес ба майдон омаданд. Дар асри 20 рассомон X. Сабогал, X. Кодесидо, ҳайкалтарошон К. Сако, И. Посо дар асарҳояшон ҳаёти халқи оддиро тасвир намуда, анъанаи миллиро давом додаанд. Дар санъати тасвирии Перу кубизм, экспрессионизм, санъати абстрактӣ маъмул буд.
Мусиқӣ. Аз замонҳои қадим гимнҳои муқаддас, сурудҳо-ривоятҳои таърихӣ, сурудҳои лирикӣ, рақсҳо маъмул буданд. Аз асбобҳои мусиқӣ нақораҳои уанкар, тиня, най, карнайҳои гуногун ва ғайра ҳастанд. Асбобҳои асосии мусиқии ҳозира: гитара, чаранго, арфа ва ғайра. Дар замони мустамликадорӣ мусиқии касбӣ аз мусикии калисоӣ иборат буд. Дар нимаи 1-уми асри 20 мактаби оҳангсозии Перу ташкил ёфт, ки намояндагони он дар заминаи фолклори миллӣ асарҳои мусиқӣ офариданд. Дар шаҳри Лима консерваторияи миллӣ, оркестри симфонии миллӣ, театри мунисипалӣ ва дар шаҳрҳои калон чанд мактаби мусиқӣ ҳаст.
Театр. Санъати театрии Перу хусусан пас аз ташкил шудани давлати инкҳо рӯ ба тараққӣ ниҳод. Чанд навъи намоишҳои театрӣ вуҷуд дошт. Драмаи халқии «Олянтай», ки ба забони кечуа навишта шудааст, шӯҳрат пайдо кард. Дар давран мустамликадорӣ драмаҳои динӣ, фоҷиавӣ ва баъдҳо асарҳои мазҳакавии драматургони Испания ба саҳна гузошта шуданд. Дар охири солҳои 1940-ум беҳтарин асарҳои саҳнавии дар рӯҳияи ватанпарварӣ офаридашуда ба майдон омаданд. Қисми зиёди театрҳо дар шаҳри Лима воқест.
Кино. Ба наворгирии филм дар Перу соли 1913 оғоз ёфт. Кинематографияи миллӣ аз нимаи солҳои 30-юм ташаккул ёфт. Кинои Перуро филмҳои режиссёр А. Роблес Годой «Кӯҳҳо ситора надоранд», «Девори сабз», «Сароб» ва ғайра машҳур гардониданд. Дар Перу зиёда аз 450 кинотеатр ҳаст.