Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перспективы

Перспективы

Перспективы (франс. реspective; аз лот. реrspicio — пурра мебинам), системаи тасвири ҷисмҳои се­чена дар ҳамворӣ ё дар ягон сатҳ аст, ки сохти фазоӣ ва дурии қисмҳои ҷудогонаи онро аз мушоҳид ба назар мегирад. Қоидаҳои Перспективаро ма­тематики Юнони Қадим Уклидус (Евклид) дар «Оптика» ном асараш шарҳ дода шуд. Олимону меъморони италиявӣ Л. Гиберти (1378—1455), Л. Б. Албертӣ (1404—1472), П. Фран­ческа (1416—1492), Г. Убалдӣ (1545— 1607) ва рассоми немис А. Дюрер (1471—1528) назарияи Перспективаро асоснок карданд. Леонардо да Вивчӣ (1452— 1519) асосҳои Перспективаи фазоӣ ва Ж. Де­зарг (1593—1662) тарзи таҳлилии сохтани Перспективаро кашф намуданд. Минбаъд Перспектива дар ҷаҳорчӯбаи геомегрияи тасвирӣ инкишоф ёфт.

Бо мақсади ҳосил кардани тасвири перспективаи ягон ҷисм аз нуқтаи маълуми фазо (маркази перс­пектива) ва аз ҳамаи нуқтаҳои ҷисм нурҳо гузаранда, дар сатҳе тасвири предметро ҳосил мекунанд. Нуқтаҳои буриши нурҳо бо ин сатҳ тасвири перспективиро медиҳанд (расм). К — ҳамвории сурат, Т — ҳамвории предмет, t1 t2  буришгоҳи ин ҳамвориҳост, ки асоси ҳамвории суратро ташкил медиҳад, р — нуқтаи асосии сурат, s — нуқтаи ист.

Перспективаи хатҳои рости параллел бо ҳам дар ҳамвории сурат ё берун аз он дар хати уфуқии h1h2 бурида мешаванд. Дар асл хатoои рости параллел дар наpари мушоoид чун хатoои рости oамдигарро бу­раyда намудор мегарданд. Ҳамив тавр, Перстективаии теғаҳои 1′ 2′ ва 3′ 4′ дар нуқтаи Ғ1 ва Перспективаи теғаҳои 2′ 3′ ва 1′ дар нуқтаи Ғ2 бурида мешаванд. Нуқтаҳои Ғ1 ва Ғ2 фокуси Перспектива ном дошта, хатҳои ва SF1 ва SF2 мувофиқан ба теғаҳои 1 2 ва 1 4 параллел гузаронда мешаванд.

Перспективаи дар ҳамвории К  ҳосилшударо перспективаи хаттӣ меноманд. Ин намуди Перспектива дар санъати меъмориву рассомӣ бештар маъмул а ст.

Агар ҳамвории К-ро бо сатҳи силиндрӣ иваз кунем, перспекти­ва и манзаравӣ ҳосил мешавад, ки он дар ороиши декоратсияҳо васеъ истифода мешавад. Дар мавриди ҳамвории К-ро бо сатҳи андаруни ку­ра иваз намудаи перспективаи  г у н б а з ӣ ҳосил мегардад.

Ад.: Барышников А. П., Перспек­тива, 4 изд., М., 1955; Хория Теодо­ру, Перспектива, Бухарест, 1964; К л и- му хин А. Г., Тени и перспектива. М., 1967; Климу хин А. Г., Начертатель­ная геометрия. М., 1978.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …