Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Персианинов Леонид Семёно­вич

Персианинов Леонид Семёно­вич

Персианинов Леонид Семёно­вич (таваллудаш 18. 8. 1908, деҳаи Старое Село, ҳоло вилояти Смоленск), акушер- гинекологи советӣ, акад. АИТ СССР (1965). Ходими Хизматвишондодаи Илми РССБ (1958). Аъзои КПСС аз соли 1943. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1977). Институти 2-юми тиббии Ленинградро хатм кардааст (1931). Мудири кафедраи акушерӣ ва ги­некологии Институти Минск (1951—1958), Институтҳои 2-юм (1958—1967) ва 1-уми тиббии Москва (аз соли 1967) ва дар як вақт директори Институти тадқиқоти илмии акушерӣ ва гинекологии Умумииттифоқ (аз соли 1967). Асарҳои асосии Персианинов ба масъалаҳои танзими фаъолияти зоиш, захмияти зоиш ва ғайра оиданд. Барои асарҳояш оид ба пешгирии бемориҳои батнимодарии ҳамл ва фавт ҳангоми зоиш лауреати Мукофоти давлатии СОСР (1968) ва барои монографияаш «Асфиксия (буғишави)-и ҷанин ва тифли навзод» лауреат Мукофоти ба номи В. Ф. Снегирёви АИТ СССР гардид. Раиси Ҷамъияти умумииттифоқии илмии акушер-гинекологҳо (1960), аъзои доимии Комиҷроия (аз соли 1961) ва ноиб-президенти Федера­тсияи байналхалқии акушер-гинеко­логҳо (1967—1970), аъзои фахрии як қатор ҷамъиятҳои тиббии хориҷӣ. Бо 2 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, ордени Ситораи Сурх ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Обезболивание при акушерских и (гинекологических операциях, М., 1965 (хамрохи Г. П. У мерен ков); Основы клинической кардиологии плода, .М., 1967 (хаммуаллиф); -Дыхательная функ­ция крови плода в акушерской клинике, М.. 1971.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …