Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Першин Александр Яковлевич

Першин Александр Яковлевич

Першин Александр Яковлевич (1874, губернияи Уфа—январ 1919, Тошкент), иштирокчии фаъоли барқарор кардани Ҳокимияти Советӣ дар Осиёи Миёна. Аъзои Пар­тияи коммунистӣ аз соли 1903. Аз оилаи деҳқон. Дар Рев. 1905—1907 фаъолона иштирок карда буд. Дар Уфа, Казанлинск ва дигар ҷойҳо корҳои партиявӣ мебурд. Аз таъкиби политсия пинҳон шуда, соли 1910 ба Тошкент меояд ва бо гурӯҳҳои с. д.-и коргарони роҳи оҳан ҳамкорӣ мекунад. Дар Съезди 1-уми кишварии Советҳои Туркистон (15 апрели 1917) ба Совети кишварӣ ва Комитети озуқа интихоб мешавад. Дар Съезди 1-уми Умумироссиягии Советҳо (1917) аз Устохонаҳои асосии роҳи оҳани Осиёи Миёна вакил буд.

Аъзои Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ (КИМУ) интихоб гардид. Дар рӯзҳои Муҳорибаҳои октябрӣ дар Тош­кент ба отряди коргарони Устохонаҳои роҳи оҳани Осиёи Миёна роҳбарӣ кард. Баъди ғалабаи Ревлютсияи Ок­тябр — ҷонишини раиси Комиҷроияи Совети Тошкент. 22 декабри 1917 ба ҳайати Комитети тошкентии РСДРП (б) интихоб шуд. 4 марта 1918 Комиссари халқии озуқаи кишвар таъин гардид. Дар ин вазифа барои дуруст ба роҳ мондани кори таъмини озуқа дар РАСС Туркистон хизмати калоне кард. Вале риштаи ҳаёти ӯ ҳангоми асёни Осипов (январ 1919) канда ҳуд дар қатори 14 нафар ходимони тиявӣ ва советии РАСС Туркистон кушта шуд. Перу дар кори ташкил ва мустаҳкам кардани гурӯҳҳои с- д.-и шаҳрҳои кишвари Туркистон (Тошкент, Хуҷаид ва ғайра), аз байни мардуми миллати маҳаллӣ тарбии карда расондани болшевикони ленинчии пурқувват саҳми зиёде гузоштааст.

Ад.: Каримов Т.. Победа Великой Октябрьской социалистической револю­ции в Северном Таджикистане (апр 1.917—1918 гг.), Сталинабад. 1957; Побе­да Советской власти в Средней Ааии ■ Казахстане, Ташкент, 1967; Культурное строительство в Туркестанской АССР 1917—-1924 гг (обор, док.), т. 1. Ташкент 1973.         

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …