Маълумоти охирин

Персей

Персей, дар асотири Юнони Қадим қахрамон, писари Даная ва худо Зевс. Бино ба шаҳодати асотири юнонӣ ба шоҳи Аргос Акрисий пешгӯӣ кардаанд, ки ӯ бо дасти наберааш Персей кушта хоҳад шуд. Бинобар он Акрисий амр кардааст, ки Персейро бо модараш дар сандуқ андохта ба баҳр партоянд.

Даная ва Персейро моҳигирон наҷот доданд ва онҳо чанде дар ҷазираи Серифос зистанд. Персей дертар духтари шоҳ Кефей — Андромедаро аз асорати деви баҳрӣ наҷот дод ва ба занӣ гирифт. Баъди бозгашт ба ватан, Персей ҳангоми мусобиқаи дискпартоӣ тасодуфан Акрисийро кушт ва баъди ин Аргосро тарк намуда, дар Тиринф ҳукмронӣ кард. Бунёди шаҳри Микенро ба Персей нисбат медиҳанд.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …