Маълумоти охирин

Перро Шарл

Перро (Реrrault) Шарл (12. 1. 1628, Париж—16. 5. 1703, ҳамон ҷо), шоир ва мунаққиди франсавӣ. Аъ­зои академияи Франсия (аз соли 1671). Аз оилаи амалдор. Аввалҳо ҳуқуқшинос буд. Аввалин асари Перро досто­ни «Деворҳои Троя ё Паидоиши бур­леск» (1653) аст. Достонҳои рамзӣ, қасидаю номаҳояш дар сабки назми пурдабдабаи дарбор таълиф шуда­анд. Перро иштирокчии мубоҳисаи адабии «қадиму ҷадид» буда, бар адибони қадим бартарӣ доштани нависандагони муосирро таъкид мекард, ба истетикаи классикӣ зид мебаромад (достони «Асри Лудовики Кабир», 1687; муколимаи «Муқоисаи ақидаҳои қадимиҳою ҷадидҳо дар масъалаи илм ва санъат», ҷ-ҳои 1—% 1688—97), бо Н. Буало мунозира дошт.

Ӯ бо «Афсонаҳои модари мак ё худ Қиссаву афсонаҳои айёми гузашта ва ҳикмати онҳо» (1697) шӯҳрат ёфт. Перро афсонаи халқиро ба анъанаҳои атиқа муқобил гузошта («Тоқичасурх» ва ғайра), онро ба доираи жанрҳои адабӣ дохил намуд. «Афсонаҳо»-и Перро ба демократонии адабиёт сабаб шуда, ба инкишофи анъанаи ҷаҳонии афсонагӯӣ таъсир расонданд (бародарон В. ва Я. Гримм, Л. Тик, Ҳ. К. Андерсен). Аф­сонаҳои Перро ба забони тоҷикӣ низ тарҷума шудаанд [«Тоқичасурх», 1939 (соли 1953 бо номи «Телпаксурхак» нашр шуда аст), «Гурбаи музапӯш», 1957]. Аз рӯи афсонаҳои ӯ як қатор операю балетҳо офарида шудаанд.

Ос.: Сказки, М.— Л,, 1936.

Ад.: История французской литерату­ры. т. I. М.—Л.. 1946.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …