Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пероксиди гидроген

Пероксиди гидроген

Пероксиди гидроген, Н2О2, пайвасти оксигении гидроген, ки гурӯҳи атомҳои—О—О—дорад. Соддатарин ва муҳимтарин намояндаи пероксидҳо. Моеи берангу бӯй; t гуд.— 0, 43°С, t ҷӯш. 150°С, зичиаш 1470 кг/м3 (0°С). Бо об омехта шуда крис­таллогидрат Н2О22Н2О ҳосил мекунад. Вобаста ба шароит Пероксиди гидроген ҳам оксидкунанда (I) ва ҳам барқароркунанда (II) шуда метавонад.Дар лаборатория Пероксиди гидрогенро аз таъсири пероксидҳо (ВаО2, Nа2О2) ба кислотаҳои сероб, дар (саноат бошад, ҳан­гоми гидролизи H2S2O8, ки дар натиsаи электролиpи кислотаи сулфат ҳосил мешавад, ба даст меоранд. Дар табиат ҳангоми бо оксигени ҳаво ок­сидонии моддаҳо ҳосил мешавад. Миқдори ками Пероксиди гидроген дар ҳуҷайраи набототу ҳайвонот мавҷуд аст.

Пероксиди гидроген ба сифати сӯзишвории му­ҳаррикҳои реактивӣ, инчунин дар саноати химия (оксидкунанда ва ашё барои ҳосил кардани пероксидҳои гуногун) ва тиб (моддаи ан­тисептикӣ, дезинфексиякунанда) истифода мешавад. Дар просесси по­лимеризатсия (инитсиатор) ва беранг намудани шоҳивор, пашм, мӯина ва ғайра низ ба кор меравад. Пероксиди гидрогени консентронидаро (90—98%) дар зарфҳои алюминӣ нигоҳ медоранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …