Маълумоти охирин
Главная / Илм / Пероксидҳо

Пероксидҳо

Пероксидҳо п а й в а с т ҳ о и пероксиди, пайвастҳое, ки атомҳои оксигени бевосита ба ҳамдигар пайвастшуда доранд. Пероксид ду хел мешаванд: органикӣ ва ғайриорганикӣ. Пероксиди органи кӣ дар таркибашон гурӯҳи—О—О -доранд, ки бо як ё ду атоми карбон пайваст шудаанд, масалан, Периксиди алкилӣ ё арилӣ (R—О— —О—R); (R — алкил ё арил), пер­оксиди асилҳо (RСО—О—О—СОR); гидропероксидҳо (R—О—О—H) ва ғайраҳо. Онҳоро асосан аз оксидонии пайвастҳои гуногуни органикӣ ҳосил мекунанд. Пероксидҳои ғайриорганикӣ бошанд, ҳангоми дар ҳаво ё оксиген сӯхтани металлҳо ҳосил мешаванд: Na2O2, Н2О2, К2О2 ,RbO2, СаO2. Маъмӯлтарин пайвастҳои пероксидии ғайриорганикӣ пероксиди гидроген мебошад. Пероксидгидратҳо низ ба пайвастҳои перонсидии ғайриоргани­кӣ мансубанд. Ин гуна пайвастҳо дар таркибашон ба ҷои оби кристаллизатсионӣ Н2О2 доранд, масалан, К2СО3 • ЗН2О2, СаО2 • 2Н2О2.

Пайвастҳои пероксидии органикиро дар просесси полимеризатсия, вулканизатсия, реаксияҳои оксидонӣ, галогенонӣ, теломеризатсия ва дигар соҳаҳои синтези органикӣ, пайваст­ҳои пероксидии ғайриорганикиро бо­шад, ҳамчун оксидкунанда, манбаи оксиген, моддаҳои берангкунанда ва ғайра ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …