Маълумоти охирин

Перм

Перм, д а в р а и (с и с т е м а и) перм, давраи охирии (шашум)-и эраи палеозой. Давраи Перм 285 млн  сол муқаддам оғоз ёфта, 55 млн сол давом кардааст. Таҳнишастҳои системаи Пермро бори нахуст соли 1841 геологи англис Р. И, Мурчисон дар Урал Зай (губ. Перм) ва ҳамвории Рус ҷудо кард.  Давраи Перм ба замонҳои аввал ва охир, системаи Перм бошад, ба қисмҳои поён ва боло тақсим мешаванд.  Дар давраи Перм ҳаракатҳои текто­никӣ хеле шиддат ёфтанд. Ин ҳаракатхҳо, ки марҳилаи охирини чиндоршавии герсинӣ буданд, махсусан дар зонаҳои геосинклиналӣ — Уралу Тиёншои (СССР), Герсин (Европаи Ғарбӣ) ва Анналачи (Америкаи Шимолӣ) авҷ гирифта, боиси пайдо шудани кӯҳҳои баланд гардиданд. Дар нимаи дуюми давра ноҳияҳои паҳновари платформаҳо низ баланд шуданд. Дар натиҷа баҳрҳо аз платформаҳо кӯчида, дар ҷои онҳо қитъаҳои калони хушкӣ ба вуҷуд омаданд. Ва туфайли регрессияи перм, ки дар таърихи Замин яке аз калонтарин буд, баҳрҳои беканори ибтидои Перм дар охири давра ба кӯлу баҳрҳои нимкушод табдил ёфтанд. Баҳрҳо танҳо дар баъзе ноҳияҳои геосинк­линали (масалан, дар Тетис, Верхояне) боқӣ монданд. Дар давраи Перм магма­тизм ҳам ниҳоят авҷ гирифт. Вулқонҳо чи дар зери об ва чи дар хуш­кӣ амал мекарданд; дар қишри За­мин массаҳои интрузивӣ ба вуҷуд меомаданд.

Иқлими Перм характери минтақавӣ дошта, он торафт хушктар мегардид. Материкҳои ҳамонвақта ба якчанд минтақаҳои иқлимӣ — қутбӣ, мӯътадили сернами нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ, гарму хушкӣ Нимкураи шимолӣ ва тропикҳои сернам тақсим шуда буданд. Сардшавии иқлим дар аввал ва охирҳои давра мушоҳида шудааст.

Олами органикии давраи Перм ба олами органикии давраи карбон шабоҳат дошт. Дар баҳрҳо фузулинидҳо, марҷонҳо, мшанкаҳо, брахиоподаҳо, фораминифераҳо ва ғайраҳо, аз мӯҳрадорҳо моҳиҳои панҷаболу наҳангмонанд ва дигар моҳиҳо бисёр бу­данд. Ба сабаби вусъат ёфтани масоҳати хушкӣ намуди ҳанвонот ва растаниҳои хушкӣ низ афзуд. Ҳайвонҳои хушкӣ асосан обхокиҳо (стегосефалҳо), хазандаҳо (пареозаврҳо, динасефалҳо) ва ҳашаротҳо буданд. Дар охири давра баъзе гурӯҳҳои ҳайвонҳои бемӯҳра (марҷонҳои чорпарра, трилобитҳо, фузулинидҳо, табулятаҳо, хорпуштҳои баҳрии қади­ма) ва бисёр намудҳои флораи дав­раи карбон (сигиллярияҳо, қаламитҳо ва ғайраҳо) тамоман барҳам хӯрданд.

Таҳнишинстҳои системаи Перм дар СССР бештар вусъат ёфтаанд. Чунончи таҳнишастҳои лагунагию континентӣ дар Урали Ғарбӣ, коптинентӣ дар пастхамиҳои Олтою Саян ва ноҳияи чиндори Қазоқистон, контипенти ангиштдор ва табақаи ҷинсҳои вулконӣ дар платформаи Сибир, таҳнишастҳои баҳрӣ дар платаи (ҳамвории) Рус ва Сибири Шимолу Шарқӣ, Забайкалия, Примория, тахҳнишастҳои бештар баҳрӣ ва табақаи ҷинсҳои вулқонӣ дар Кавказ ва Осиёи Миёна майдонҳои васеъро ишғол кардаанд. Таҳнишастҳои континеитию лагунагӣ асосан аз формасияҳои ҷинсҳои шикастанораи сурхрангу хокистарранг, ҷинсҳои терригении ангиштдор, форматсияи намакдори лагунаҳо ва таҳнишастҳои баҳрҳои Перм аз форматсияҳои ҷинсҳои карбонатӣ (оҳаксангҳои гуногун, аз ҷумла рифогенӣ), ҷинсҳои шикастанора ва шикастапораю вулконогенӣ иборатанд. Дар Тоҷикистон таҳни­шастҳои давраи Перм дар қаторкӯҳи ХҲисор (ҳавзаи дарёҳои Лучоб, Хонақоҳ, Қаротоғ ва ғайра) ва ноҳияҳои Дарвозу Помир маълуманд. Инҳо асосан табақаҳои ҷинсҳои терригению вулко­ногенӣ буда, ғафсиашон аз чанд сад метр то 6000 м ва аз он зиёдтар аст.

Дар тахҳишастҳои системаи Перм ашёи хоми минералӣ фаровон аст.

Як қатор ҳавзаҳои ангишти СССР (Печора, Кузнетск, Минуса ва Тун­гуска), мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ, Америкаи Шимолӣ, Хитой, Ҳиндустон ва мамлакатҳои Нимкураи ҷану­бӣ дар давраи Перм пайдо шудаанд (24,3% захираи ангишти ҷаҳони). Бисёр конҳои нефту газ дар СССР (ноҳияи Волгаю Урал, пастхамиҳои Печора, Донетск) ва Америкаи Шимо­лӣ аз таҳнишастҳои Перм ёфт шуда­анд. Захираҳои калони намаксанг ва намаки калий бо таҳнишастҳои Перми поёп (ҳавзаҳои Наздиурал, Наздикаспий, Донетск ва ғайра) ва Перми боло (конҳои намаки Европа, Америкаи Шимолӣ) алоқаманданд. Таҳнишаст­ҳои Перм мис, фосфорит ва захираҳои зиёди гипс, ангидрит низ доранд. Бо массивҳои интрузивии ин давра бисёр кони маъданҳои гуногун вобастаанд (дар Урал, Қазоқистон ва дигар маҳалҳо).

Ад.: Геология СССР, т. 24— Таджик­ская ССР. М., 1959; М и к л у х о-М а к- л а й  А. Д., Верхний палеозой Средней Ааии, Л., 1963; Геологическое строение СССР, т. 1, М., 1968; Пермская система, М., 1966 (стратиграфия СССР).

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …