Маълумоти охирин

Перм

Перм, вилоят дар ҳайати РСФСР. октябри 1938 ташкил шудааст. Масоҳаташ160,6 ҳазор км2. Аҳолиаш 3011 ҳазор нафар (1981). Ба ҳайати Перм округи автономии Коми-Пермиҳо дохил аст. Марказаш шаҳри Перм. Вилоят 37 рай­он, 13 шаҳр ва 57 птш дорад. Бо ордени Ленин (1967) мукофотоннда шудааст.

Табиат. Вилоят дар шимолу шарқи ҳамвории Европаи Шарқи ва дар нишебиҳои ғарбип Урали Миёна ва Шимолӣ воқеъ гардидааст. Сатҳаш ноҳамвор. Дар Шарқ домана ва қаторкӯҳҳои Урали Миёна ва Шимоли (қуллаи баландтаринаш 1469 м) ҳастанд. Дар Ғарб баландии Камаи Боло (баландпаш 200—300 м), дар Шимоли Ғарб Урали Шимолӣ (баландиаш 200— 250 м), дар Ҷанубу Шарқ як қисми пушта- кӯҳи Уфа воқест. Сарватҳои зиёди зеризаминӣ (нефт, газ, намаки ка­лий, намаки ош, торф, ангиштсанг, хромит) дорад. Иқлимаш мӯътадили континентӣ. Зимистонаш сербарфи тулонӣ, тобистонаш мӯътадили гарм. Ҳарорати миёнаи январ— 18 °С дар Шимол,— 15°С дар Ҷанубу Ғарб, июл 16—18°С. Боришоти солона 450—800 мм. ДАрёҳои калон: Кама бо шохобҳояш — Яйва, Косвӣ, Чусовая, Инва, Обва. Кама дар ҳудуди вилоят киштигард мебошад. Хокаш асосан хокистарранг ва хокистарранги чимтолӣ. Зиёда аз 60% территорияи вилоятро ҷангал фаро гирифтааст. Олами ҳайвонот: санҷоб, рӯбоҳ, колонок, савсор, харгӯш, хо­мяк, кабк ва ғайра.

Аҳолӣ. Дар Перм русҳо, тоторҳо, коми-пермиҳо, бошқирдҳо, украинҳо, удмуртҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 18,5 нафар. Шаҳрое, ки зиёда аз 50 ҳазор аҳолӣ доранд: Перм, Березники, Соликамск, Кунгур, Лисва, Чусовой, Краснокамск, Чайковский.

Хоҷагӣ. Перм яке аз вилоятҳои мутараққии саноатист. Соли 1973 ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат назар ба 1940 зиёда аз 14 маротиба афзуд, ки аз 4/5 ҳиссаи онро саноати вазнин истеҳсол мекунад. Корхонаҳои мошинсозӣ барои саноати металлургияи кӯҳӣ, нефт, ангиштсанг, чӯбу коғаз маҳсулот тайёр мекунанд. Корхонаҳои саноати электротехникӣ, корхонаҳои киштисозӣ, дастгоҳсозӣ, асбобҳои электрӣ, зарфиёти сирдор, велосипед ва ғайра низ мавҷуданд. 3-д- хои мошинсозй, аз чумла з-дхон элек­тротехники, кабел (Пермь), заводи истеҳсоли мошинҳо барои саноати нефт

(Кунгур), заводи турбогенератор (Лысь­ва) , заводҳои мошинсозӣ барои саноати кӯҳкори (Александровск), оптикӣ-ме­ханикӣ (пос. Суксун) ва ғайра аҳамияти калон доранд. Дар вилоят феррохӯла, хромит низ истеҳсол мешавад. Саноати титану магниӣ ба вуҷуд омадааст. Корхонаҳои саноати химияи вилоят асосан нӯриҳои минералӣ ва намакҳои калий истеҳсол мекунанд. Перм дар тайёр намудан ва коркарди чӯб дар байни вилоятҳои мамлакат яке аз ҷойҳои аввалро (аз ҷиҳати истехсоли коғаз дар ҷои якум) ишғол мекунад. Дар вилоят истихроҷ ва коркарди масолеҳи минералии бинокорӣ тараққӣ кардааст. Вилоят з-аводҳои семент, конструксияҳои оҳану- бетонӣ, хишт, шиша дорад. Саноати сабук ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Комбинати шоҳибофӣ (Чайковский), фабрикаи пойафзол, истеҳсоли намаки ош (Соликамск) дорад. Касбу ҳунарҳои анъанавии бадеӣ-сангтарошӣ, гаҷкорӣ маъмуланд. Истеҳсоли нефт ва газ барои эҳтиёҷоти энер­гетикӣ ва технологӣ аҳамияти калон дорад.

Xоҷагии қишлоқи вилоят асосан аз чорводорию ғаллакорӣ иборат аст. Колхозу совхозҳои вилоят асосан чавдор, гандум, сулӣ, картошка, зағирпоя ва сабзавот кишт мекунанд. Соли 1974 вилоят (ба ҳисоби ҳазор сар) 800 гов, 329 хук, 228 гӯсфанду буз, 5300 парранда дошт. Тӯли роҳи о.ӯҳан 1,5 ҳазор км. Шабакаи нақлиёти авиатсионӣ вусъат ёфтааст; аҳамияти нақлиёти авто­мобилӣ ва трубойроводӣ торафт меафзояд.

Сохтмони маданӣ ва нигаҳдории тандурустӣ. Соли таҳсили 1973/74 дар 2169 мактаби маълумоти умумӣ 551,6 ҳазор, дар 100 мактаби касбҳои техникӣ 50,1 ҳазор, дар 59 мактаби миёнаи махсус 56,7 ҳазор хонанда, дар 6 мактаби олйӣ (ҳамааш дар Перм) 43,5 ҳазор студент таҳсил кард. Соли 1973 дар 2289 муассисаи томактабӣ 181,2 ҳазор кӯдак тарбия ёфт. Соли 1974 дар вилоят 1219 китобхонаи оммавӣ, музейҳои кишваршиносӣ, нигористони давлатӣ, диорамаи «Шӯриши яроқноки декабри 1905 дар Мотовилиҳа» (дар Перм), 8 театр, филармония ва сирк (дар Перм), 1706 клуб, 2313 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ кор мекард. Газетаҳои вилоятии «Звезда» (аз 1917), «Молодая гвардия» (аз 1932) нашр мешаванд. Барномаи радио ва намоишҳои телевизиони марказӣ шунавонида ва намоиш дода мешавад. Соли 1974 дар муассисаҳои табобатии вилоят 37,2 ҳазор кат буд (12,5 кат ба 1 ҳазор нафар); 7,8 ҳазор духтур (1 духтур ба 383 нафар) ба аҳолӣ хизмат мерасонд. Вилоят курорт, санатория, базаҳои туристӣ, хонаи истироҳат ва пансионатҳо дорад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …