Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перископ

Перископ

Перископ (аз юн. реriskopeo — ба атроф менитарам), асбоби оптикиест барои мушоҳидаи танк, киштии зериобӣ ва ғайра аз даруни паноҳгоҳ (окон, заминканд ва ғайра.). Бо ёрии аксари Перископҳо кунҷҳои уфуқӣ ва амудӣ дар маҳал чен ва масофаи объ­ект муайян карда мешавад. Сохт ва тавсифи оптикии Перископҳоро вобаста ба таъинот, чоп гузориш ва умқи паноҳгоҳе, ки аз он ҷо мушоҳида бур­да мешавад, муайян мекунанд. Ғулбаи биниши амудӣ ва системаи оп­тикӣ (2 оинаи нисбат ба меҳвари гулба таҳти кунҷи 45° ҷой додашуда), соддатарин пернскопи амудиро мемонад, ки он шуоъҳои аз предме­ти мушоҳидӣ ояндаро шикаста, ба чашми мушоҳид района мекунад.

Дар Перископҳои призмагӣ ба ҷои оинаҳо призмаҳои росткунҷа, системаи теле­скопии линзаҳо ва системаи тобхӯранда шинонда мешаванд, ки бо ёрии онҳо тасвири калоншудаву ростаи объектро ҳосил кардан мумкнн аст. Доираи назари Перископҳо ҳангоми то 1,5 маротиба калон кардани тасвири объект қариб 40°-ро ташкил медиҳад ва баробари афзудани калонкунӣ танг мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …