Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Перитонит

Перитонит

Перитонит (аз юн.peritonaion— сифоқ, шинампарда), газаки сифоқ; асосан ҳангоми бемориҳои шадиду фасодии узвҳои ковокии шикам, захмдоршавӣ, ҷарроҳӣ, ихтилоли узвҳои ковоки бадан (меъда, рӯда кӯрӯда ва ғайра) ба вуҷуд меояд. Сабаби асосии газаки сифоқ ба сатҳи сифоқ дохил шудани микробҳо (коккиҳо ба­силлаҳои рӯда ва ғайра) мебошад.

Перитонити сил бемории асосии сифоқ ба шумор меравад. Дар этиологияи Перитонит аппендисит шадид ҷои аввалро ишғол менамояд. Вобаста ба сабабҳои пайдоиш Перитонит чанд хел аст: баъди ҷарроҳӣ, гинекологӣ, ҷароҳатӣ, омосӣ, заҳрагӣ ва ғайра. Аз ҷиҳати продесси паҳншавӣ бошад, ҷузъӣ, умумӣ ва ғайра. мешавад. Аломатҳои асосии Перитонит инҳоянд: ҳарорати баланд, табларза, ихтилоли функсияи нафаскашӣ, системаҳои дилу раг, меъдаю рӯда, гур­да, ҷигар ва ғайра.

Олимони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои вайроншавии функсияи гур­да ҳангоми Перитонит, ташхису муолиҷаи Перитонити кӯдакон, ҷиҳатҳои ҷарроҳии Перитонити сил ва ғайра тадқиқоти зиёде мебараяд, ки натиҷаҳои он дар амалияи тибби республика ҷорӣ шуданд.

М у о л и ч а: ҷарроҳӣ; барои табобати бомуваффақияти Перитонит ташхиси бармаҳали он аҳамияти калон дорад.

Ад.: Симонян К. С., Перитонит, М., 197*1; Фёдоров В. Д.. Лечение пе­ритонита. М., 1974: Датхаея Ю. И.,Мамедов К. Б., Хирургические ос­ложнения абдоминального туберкулеза, Д., 1979.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …