Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перидотит

Перидотит

Перидотит (аз франс. peridot — перидот ё оливин), ҷинси кӯҳии интрузивии ултраасосӣ, ки ғолибан аз оливин (70—30%) ва пироксенҳо (30—70%) таркиб ёфтааст. Аз минералҳои дуюмдараҷа магнетит, ил­менит, пирротин, хромит, шпинел, бечода, баъзан платина ва минералҳои никелдор дорад.

Перидотит ҷинси тираранг буда, аксар сабз ё хокистарранги сабзтоб аст. Дар натиҷаи просессҳои серпентинизатсия (тағйиротҳои постмагмавӣ) Перидотит ба серпентинит (змеевик) табдил меёбад. Перидотит якҷоя бо дигар ҷинсҳои кӯҳии  асосию ултраасосӣ минтақа ва зонаҳои калонро ташкил медиҳад. Дар ин минтақаю зонаҳо аксар конҳои хромит, платина, никел, хризо­тил-асбест, талқ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ ёфт мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …