Маълумоти охирин

Пергам

Пергам, подшоҳии Пергам (юн. Реrgamus), давлати қадим дар қисми шимолу ғарбии Осиёи Хурд (283—133 то мелод). Марказаш — шаҳри Пер­гам. Ба он хазинадори давлати Лисимах дар қалъаи Пергам Филетери юнонӣ асос гузошт. Филетер дар вилояти Мисия давлати нави эллиниро барпо намуд ва ба сулолаи Атталиҳо асос гузошт. Аз соли 231 ҳокимони Перган подшоҳ ном гирифтанд.

Дар сарзамини Пергам қабилаҳои маҳаллӣ (мисийҳо, масдиенҳо, пафлагонҳо), инчунин юнониёну мақдуниҳо маскан гирифтанд. Боигарии табиии Пергам (беша, сан­ги хоро, маъдан, чарогоҳҳо ва ғайра), инчунин мавқеи хуби географии со­ҳили баҳри Миёназамин ба болоравия пуравҷи иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуд. Дар Пергам деҳқонӣ, чорводорӣ, ҳунармандӣ (бофандагӣ, кулолӣ, аслиҳасозӣ, рангуборчигӣ, бинокорӣ, чармгарӣ), савдои беруна (бо гандуму мум, чарм, ранг, газвор, чӯби киштибоб, зарфҳои сафолӣ, атриёт, пергамент) ба авҷи аълои тараққӣ расид. Бандари асосии Пергам шаҳри Элея буд. Аъзоёни тобеъ ва нимтобеи ҷамоаҳо истеҳсолкунандагони асосии хоҷагии қишлоқ буданд.

Пергам бо империяи Селевкиён, Мақдуния, Галатия меҷангид. Дар Ҷанги дуюми Мақдуния (200—197) ва ба ном Ҷанги Сурия (192—188) подшоҳони Пергам бо Рим иттифоқ бастанд ва баъди имзои шартноман Апамей (188 то мелод) ба Херсопес, вилоятҳои Лидия, Фригия, ба як қисми Дария, Памфирия ва баъзе шаҳрҳои юнонии Осиёи Хурд соҳиб шуданд. Соли 183 Пергам Галатияро ро забт намуд, вале баъди шӯриши галатҳо (168—167) боз онро аз даст дод. Дар аҳди Аттали II (160/159—138) ва Аттали III (138— 133) таъсири Рим пурзӯр шуда, Пергам тадриҷан мустақилияти худро гум кард. Соли 129 то мелод римиҳо дар территорияи музофоти Осиёро ташкил намуданд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …