Маълумоти охирин
Главная / Илм / Перфузия

Перфузия

Перфузия (аз лот. регfusio — рехтан, ҷорӣ намудан), усули ба рагҳои хунгузари узв, қисми бадан ё тамоми организм фиристодани маҳлулҳои физиологӣ, хун ва ғайра. Аз Перу дар физиологияи амалӣ истифода мебаранд. Вай барои фаъолияти узвҳоро муддати муайян нигоҳ доштан, функсияи онҳоро омӯхта, таъсири гормонҳо, ферментҳо, медиаторҳо ва доруворро ба организм тадқиқ кар­дан имкон медиҳад.

Перуро ҳангоми иваз кардани узву бофтаҳо (ниг. Трансплантация) низ ба кор меба­ранд. Дар шароити муқаррарӣ аз хун таъмин кардани узвҳои бадан (масалан, Перуи гурда, мағзи сар ва ғайра)» ки ба вазъи кори дил ва тонуси рагҳои хунгузар вобаста аст, ҳамчунин Перу номида мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …