Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перфоратор

Перфоратор

Перфоратор (лот. реforo —сӯрох мекунам), дар системаи коркарди информтсия, олатест барои сӯрох кардани коғаз, навори кино ва ғайра ба мақсади сабти ин­форматсия. Перуҳое, ки барои сабт кар­дани информатсияи разами, ҳуруфӣ ва ҳуруфию рақамӣ дар перфонавор ва перфоқартаҳо таъин шудаанд, бештар маъмуланд.

Перуҳо вобаста ба таъинот, сохти олати ҳаракатовару олати сӯрохкунанда, инчунин усулҳои идоракунӣ чанд хел мешаванд. Перуҳо дар ҳар сон аз даҳҳо (дар Перуҳои қартавӣ) то садҳо (дар Перуҳои наворӣ) сӯрох карда метавонанд. Перу аз механизми сӯрохкунанда (расм), ҳаракатовари автоматӣ ё дастӣ идорашаванда, клавиатура ё худ олати ба код табдил додани сигналҳои электрӣ ва механизми кӯчондани ҳомили информатсияи сабтшуда (навор ё карта) иборат аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …