Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Периодонит

Периодонит

Периодонит (аз пери… ва юн. odontos — дандон), газаки пардаи реша ва бофтаҳои атрофи дандон. Асосан баъди кариеси дандон пайдо ме­шавад. Аммо аз такроран зарб хурдани дандон (масалан, аз рӯи одат газидани ангушт, қалам, мех, бо дан­дон кандани ришта ва ғайра) низ ба вуҷуд меояд.

Периодонтит шадид ва музмин мешавад. Ҳангоми Периодонтити шадид дарди дандон ҷонкоҳ мешавад, ком, лаб ё лунҷ варам мекунад ва баъзан ҳарорати бадан баланд мегардад. Дар мавриди Периодонтит м у з м и н аз даҳон бӯи нохуш меояд ва бемор ҳангоми хӯрокхурӣ нороҳат мешавад.

М у о л и ҷ а: пломба кардан ё кан­дани дандон; агар фасод ҷамъ шуда бошад, чок кардани варам; истеъмоли антибиотикҳо.

Инчунин кобед

kitob-medrese

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод Сояи ишқ                                           (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)  Ҷазо Ҷавон дар дами …