Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Перекоп

Перекоп

Перекоп, (Гарданаи Пере­коп), қитъаи хушкист, ки нимҷазираи Қримро бо материк мепайвандад. Тӯли Перекоп 30 км, бараш 8—23 км, баландиаш то 20 м. Аз гилу рег таркиб ёфтааст. Заминаш ҳамвор, растаниҳои даштӣ ва нимбиёбонӣ мерӯянд.

Дар қисми ҷанубии Перекоп кулҳои шӯри Старое, Красное ва ғайра воқеанд, ки масоҳати онҳо аз 0,5 то 37,5 км2 аст. Аз Перекоп Канали Шимоли Қрим мегузарад. Дар Перекоп солҳои Ҷанги гражданӣ (1918—1920) ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) муҳорибаҳои шадид ба амал омадаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …