Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пер-Лашез

Пер-Лашез

Пер-Лашез (Pere- Lachaise), қабристонест дар Париж (собик мулки пири Людовики XIV— Лашез; номи Пер-Лашез аз ҳамин ҷост). И.Л. оромгоҳи бузургтарин ходимони илму маданият (Ж. Лафонтен, Ж. Б. П. Молер, Ш. Нодье, А. Доде, А. де Мюссе, О. де Бальзак, П. Ж. Беранже, Ф. Шо­пен, Н- Россини, Э. Делакруа, Д. Энгр, Ф. Ж. Тальма, Д. Ф. Араго ва дигарон) ва ходимони ҳарбию сиёсӣ (маршалҳо М. Ней, А. Массена ва дигарон) аст.

Маи 1871 Пер-Лашез ҷои ҷанги охирнни коммунарҳои Париж бо версалчиён гардид. 27 май коммунарҳои асирафтода дар назди девори самти шимоли шарқии қабристон парронда шуданд. Дар назди ҳайкали ёдгории «Девори коммунарҳо» ходимони барҷастаи ҳаракати коргарӣ П. Лафарг, М. Торез, М. Кашей, П. Вайян-Кутюре, А. Барбюс, иштирокчиёни Ҳаракати Муқобилат ва дигар муборизони демократия дафн шудаанд. Соли 1964 дар қабристон ба хотири шаҳидони Бухенвалд ҳайкали биринҷӣ гузошта шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …