Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пептизастия

Пептизастия

Пептизастия, ба зарраҳои майда худ аз худ таҷзия шудани таҳшинҳои лахта-лахта (умуман маҳсулоти коагулятсионӣ)-е, ки дар натиҷаи бо ҳам пайваст шудани зарраҳои коллоидӣ ҳосил шудаанд. Пептиҳатсияи таҳшинии лахта-лахтае, ки ҳангоми коагулятсияи золҳо ба вуҷуд омадаанд, бештар мушоҳида мешавад. Барои Пептизастия намудан ба маҳсулоти коагулятсионӣ пептизатор {ягон электролит ё моддаҳои фаъоли сатҳӣ) ҳамроҳ мекунанд.

 

Ба суръати Пептизатсия омилҳои гуногун (хосияти химиявӣ ва консентратсияи пептизатор, миқдору ҳолати таҳшинӣ, ҳарорат, консентратсияи ионҳои гидроген дар маҳлул, ултрасадо, нурҳои радиоактивӣ ва ғайра) таъсир мекунанд. Пептизатсияро дар химия барои аз хока ё хамираҳо ҳосил кардани системаҳои дисиерсии моеъ ис­тифода мебаранд. Пептизатсия инчунин дар просесси ҳосил ва вайроншавии структураҳои дисперсӣ мақоми калон дорад. Баъзан Пептизатсия зарарнок аст, масалан, ҳангоми соф кардани об, вино ва ғайра.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …