Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пептидҳо

Пептидҳо

Пептидҳо (аз юн. рерtos — ҳазмшуда, пухташуда), моддаҳои органикие, ки аз боқимондаи аминокислотаҳои якхела ё гуногуни бо банди пептидӣ пайваста иборатанд. Аз рӯи миқдори боқимоидаи аминокислотаҳо Пептидҳо чанд хел мешаванд; ди-, три-, тетра- ва полипептидҳо. Миқдори ками Пептидҳои хурдмолекула қариб дар тамоми ҳуҷайраҳои зияда мавҷуданд.

Баъзе гормонхо (инсулин, гормони адренокортикотропӣ, глюкагон, вазопрессин, окситотсин), антибиотикҳо (грамисидин, битсиллин), ангиотензину кининҳои таркиби плазмаи хун ва дигар моддаҳои фаъоли биологӣ ба Пептидҳо мансубанд. Молекулаи Пептидҳо сохти хаттӣ ё шоха-шоха дошта, аз як тараф, бо гурӯҳи амин (—NH2), аз тарафи дигар бо карбоксил (-СООН) тамом мешавад. Пептидҳои занҷирашон сарбаста — с и к л о п е п тидҳо низ маълуманд. П.ептидҳо хосияти амфотерӣ доранд; дар обу ишқорҳо нағз, аммо дар ҳалкунандаҳои ор­ганикӣ бад ҳал мешаванд.

Пептидҳо аз аминокислотаҳо ё ҳангоми танҷзияи ферментативии сафедаҳо дар ҳуҷайраи зинда ҳосил мегарданд. Аксари Пептидҳои табиии аз ҷиҳати биоло­гӣ фаъолро бо роҳи химиявӣ синтез мекунанд. Муваффақиятҳои химияи Пептидҳо барои бисёр масъалаҳои муҳими биохимия ва биологияи молекулавиро ҳал кардан имкон доданд (масалан, дар донистани коди генетикӣ). Дар соҳаи химияи пептиду полипептидҳо кормандони кафедраи химияи органикии УДТ, лабораторияи химияи пайвастҳои табиии Институтти химияи АФ РОС Тоҷикистон тадқиқот мебаранд.

Ад.: Химия биологически активных природных соединений, М., 1970.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …