Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пентландит

Пентландит

Пентландит (аз номи сайёҳи англис Н. Пентленд), минерал, колчедани оҳану никел, таркиби химиявиаш (Fe, Ni)9S8.32,55%-оҳан, 34,22% никел, 32,23% сулфур ва аз омехтаҳо то 3% кобалт дорад.

Яке аз намудҳои Пентландити то 49% кобалт доштаро кобалтпентландит меноманд. Систе­маи кристалбандии Пентландит кубӣ. Ҷилояш металлӣ; рангаш зарди кушоди ба биринҷӣ монанд. Сахтиаш 3—4; зичиаш 4500—5185 кг/м3. Дар конҳои маъдани сулфур вомехӯрад. Пентландит яке аз маъданҳои асосии никел мебо­шад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …