Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пенопластҳо

Пенопластҳо

Пенопластҳо, масолеҳи по­лимерии ковок, пластмассаҳои ковоки бо газ пуршуда. Газ дар ко­вокиҳое, ки аз ҳамдигар бо қабати тунуки полимер ҷудоанд, ҷойгир шудааст. Пенопластҳо масолеҳи басо сабукест; гармӣ, овоз. об на ҷараёни зэлектрро намегузаронад. Хосияти Пенопластҳо ба дараҷаи кафккунию сохти ковокиҳои он ва табиати химиявии полимер вобаста аст.

Пенопластҳоро бо усули кафк ва минбаъ ях кунонидани полимере, ки дар ҳолати моеъ ё моеъи ғализи эластикист, ҳосил мекунанд. Пенопластҳоро дар саноатҳои самолёту киштисозӣ, нақлиёт ва химия, сохтмони биною иншоотҳои техникӣ, чун масоле­ҳи нагузаронандаи гармию овоз дар сохтани конструксияҳои бисёрқабата, воситаҳои шинокунанда (пантон, заврақҳои сабук), дар радиотехника ва ғайра, Пенопластҳои эластикиро бошад, дар истеҳсоли мебели нарм ва либоси гарм истифода мебаранд.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …