Маълумоти охирин
Главная / Биология / Пенисилл

Пенисилл

Пенисилл, п е н и с и л л и у м, мағори хӯшамонанд (Реnicillium, як ҷинси занбӯруғҳои номукаммалро гӯянд. Аз миселияи нашвиаш узвҳои конидияоваре месабзанд, ки қисми болоии онҳо хӯшавор шох ронда, спораҳои якҳуҷайрагии рангии (конидияҳо) ҳосил мекунанд. Қариб 250 намудаш маълум аст.

Пенисилл маҳсулотро вайрону бофтаҳои ҳайвоноту растаниро таҷзия менамояд. Вай якҷоя бо занбӯруғҳои дигар мағор ҳосил мекунад. Аз Р. chrysogenum ва Р. notatum пенисил­лин моги ранд. Р. саmemberti, Р. roquefoti дар истеҳсоли панир истифода мешавад. Баъзе намудҳои Пенисилл зарарноканд. Аз Пенисиллҳои зарарнок дар Тоҷикистон Пенисиллҳои кабуду сабз (меваҳои ситрусиро вайрон мекунанд), ҷигарӣ (себро вайрон мекунанд) ва дар хок Пенисиллҳои пигменташон тиллоранг ва ғайра дучор меоянд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …