Маълумоти охирин

Пемба

Пемба (Реmbа), ҷазираи марҷониест дар уқёнуси Ҳинд, дар самти шарқии Африка. Пембаро аз материк гул. Пемба ҷудо мекунад. Масоҳаташ 984 км2. Аҳолиаш 164,2 ҳазор нафар (1967). Ба ҳайати Танзания дохил мешавад. Баландиаш то 99 м. Иқлимаш муссонии экваторӣ. Боришоти солона то 1000 мм. Дар Пемба қаранфул, нахли норҷил парвариш мекунанд. Марказҳои маъмуриаш — Чаке-Чаке ва Ветн.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …