Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Пелше Арвид Янович

Пелше Арвид Янович

Пелше Арвид Янович (7. 2. 1899. работи Мазайс, волости Грюнвалд, ҳозира райони Бауски РСС Лат.—29.5, 1983, Москва), хо­дими партиявӣ ва давлатии советӣ, муаррих, аъзо- корр. АФ РСС Лат. (1946), ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969,1979). Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1915. Аз соли 1914 коргари Рига. Ба ташкилоти с.-д.-и кишвари Латвия низ дар ҳамин шаҳр дохил шудааст.   Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—1918) коргари Витебск, Харков, Петроград, Архангелск буда. бо супориши комитетҳои маҳаллии РСДРП агитатсия ва пропагандаи револютсионӣ бурд.

Иштирокчии Рев. феврали 1917, аъзои Совети Петро­град. Вакили Съезди 6-уми РСДРП (б) аз ташкилоти партиявии Архан­гелск. Дар тайёр намудан ва гузарондани Револютсияи Октябр фаъолона иштирок кард. Соли 1918 коркуни ВЧК дар Москва. Соли 1919 корманди масъули Комиссариати халқии иншоотҳои давлатии Латвияи Советӣ дар ҷангҳои зидди латишҳои сафед (дар назди Рига) иштирок намуд. Солҳои 1919—1929 дар кори партиявию сиёсӣ ва муаллимӣ дар Армияи Сурх ва Флоти Ҳарбии Баҳрӣ буд. Соли 1931 Институти профессураи сурхи Москваро хатм намуд. Солҳои 1931—1933 аспиранти институти мазкур буд ва дар айни замон дар Мактаби марказии Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (1929—1932) аз фанни таърихи партия дарс мегуфт. Солҳои 1933—1937 сардори шӯъбаи сиёсии совхозҳои Магаҷановск, баъд Черноиртиши РСС Қазоқистон, ҷонишини сардори сектори управленияи сиёсии Комиссариати халқии совхозҳои СССР.

Солҳои 1937—1940 дар Москва муаллимӣ кард. Солҳои 1941— 1959 котиби КМ ПК Лат. оид ба про­паганда ва агитатсия. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) бо тайёр намудани кадрҳои партиявию советии Латвияи Советӣ машғул буд. Солҳои 1959—1966 котиби якуми КМ ПК Лаг. Аз апрели 1966 раиси Комитет назорати партиявии назди КМ КПСС. Вакили съеадҳои 20, 22— 26-уми КПСС. Аз соли 1961 аъзои КМ, аз 1966 аъзои Бюрои Сиёсии КМ КПСС. Депутат Совети Олии СССР (даъватҳои 2—10). Пелше муаллифи асарҳо оид ба масъалаҳои таърихи КПСС ва сохтмони партиявӣ, таърихи ҳаракати револютсионӣ дар Лат­вия, мубориза бо миллатчиёни буржуазӣ, сохтмони сотсиалистӣ ва ком­мунист дар республика. Бо 7 ордени Ленин, ордени Револютсияи Ок­тябр ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …