Главная / Гуногун / Пелотерапия

Пелотерапия

Пелотерапия (аз юн. реlos — гил, лой ва терапия), муолиҷа бо л о й, усули бо лойқа ва моддаҳои лойқамонанд (парафин, озокерит ва ғайра) табобат кардани беморӣ. Ба ин мақсад лойқаҳои минерализонидаи обанборҳо (лойқаи сулфиддор), лойқаҳои обанборҳои оби ширин ва торфҳои нағз таҷзияшуда истифода мешаванд. Дар вақти Пелотерапия баъзе модда­ҳои химиявии он ҳангоми аз пӯст гузаштан кори бофтаҳои пайвасткунаида, функсияи ғадудҳои дохили усоравӣ, бо хун таъминшавии пӯст ва дигар минбаъҳои патологии организмро тезонида, ба мубодилаи моддаҳо ва барқароршавии қисми иллатёфтаи ин ё он узв ва ё бофта кӯмак мерасонанд; ба ғайр аз ин онҳо хусусияти ҷаббандагӣ доранд ва дардро бартараф мекунанд.

Пелотерапияро барои табобати бемориҳои музмини газакгирандаи дасту пой ва камар, системаи асаб, узвҳои ҷинсии зану мард, баъ­зе бемориҳои пӯст, узвҳои ҳозима ва ғайра истифода мебаранд; ҳангоми просессҳои шадиди газакӣ, сил, нуқси дил, атеросклероз, бемориҳои гур­да, гипертония ва ғайра бошад, исти­фодаи он қатъиян манъ аст. Пелотерапия ҷузъи бештар маъмул буда, ҳангоми ин навъ муолиҷа лойро на ба тамоми бадан, балки ба ягон қисми муайяни он (панҷаҳои даст ё пой , китф, гарда  ва ғайра) мегузоранд; беморро дар ҳар ду ё се рӯз як маротиба (15—20 дақиқа) ин тавр табобат мекунанд; ҳарорати лой одатан 37—46°С мешавад.

Дар СССР бо ин усул беморонро дар курортҳои Саки, Славянок, Липетск, Друскининкай, Пярну ва ғайра табобат мекунанд. Дар курорту шифохонаҳои Тоҷикистон лои маҳаллаи кулҳои Оқсукон (райони Ашт), Танобчӣ (райони Совет) ва ғайраро истифода мебаранд. Лойҳои муолиҷавии республика бо хусусияти шифобахшии худ аз лойҳои курортҳои номии Саки, Тамбукан ва ғайра ками надоранд.

Дар борамон M. A.

Инчунин кобед

images

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад

БОҚИРИ АСТАРОБОДӢ Шамсуддин Муҳаммад маъруф ба Домод (фавт тақрибан 1630-31), шоири эронӣ. Аз маълумоти маъхазҳо …