Маълумоти охирин

Пелим

Пелим, Пелими Калон, дарёест дар вилояти Свердлови РСФСР, шохоби чапи дарёи Та в да (ҳавзаи Обь). Тӯлаш 707 км, масоҳати ҳавзааш 15200 км2. Аз нишебии шарқии Урали Шимолӣ ибтидо ёфта, аввал аз доманаи каторкӯҳҳои Урал, баъд аз ҳамвории Сибири Ғарбӣ ва дар поёнобаш аз кули Пелимский Ту­ман ҷорӣ мешавад.

Манбааш асосан барф. Сарфи об ба ҳисоби миёна қариб 100 м3/сон. Аз октябр то апрел дарё яхпӯш аст. Дар Пелим салкашӣ мекунанд. Дарё аз резишгоҳаш ба масофаи 245 км киштигард аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …