Маълумоти охирин

Пекин

Пекин, Б э й т з и н (айнан—пойтахти шимолӣ), пойтахт, марказ сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию мадании РХХ. Дуюмин (баъди Шанхай) шаҳри калони мамлакат. Дар ҳамвории Бузурги Хитой, дар доманаи кӯҳҳои Сишань, дар ҳавзаи дарёи Юндинхэ воқеъ гардидааст. Иқлимаш мӯътадил, муссонб. Ҳарорати миёнаи январ—4,6°С, июл 26 °С. Боришоти солона 636 мм. Аҳолиаш 9 млн наф. ар(1981). Масоҳаташ 17,8 ҳазор км2. Пекин шаҳри тобеи марказ ва воҳиди мустақил аст. Мувофиқи конститутсияи РХХ органҳои ҳокимият ва идоракунӣ дар Пекин маҷлиси шаҳрии намояндагони халқ ва комитетҳои халқианд, ки онҳо дар давраи «револютсияи маданӣ» (нимаи дуюми солҳои 60) пароканда шу­данд. Соли 1967 ба ном «комитети револютсионӣ» ташкил карда шуд. Сардори «комитети револютсионӣ» дар айни замон котиби якуми комитети шаҳрии Партияи Коммунистии Хи­той (ПКХ) ҳам мебошад.

Маълумоти таърихӣ. Аввалин маълумотҳо доир ба маҳалли аҳолинишини ҳудуди ҳозираи Пекин ба ҳазораи 2 то мелод тааллуқ дорад. Дар ҳазораи 1 то мелол асри 10 мелод дар солномаҳо бо номи Тсзи зикр шудааст. Соли 936 Ситсзин, аз 937 Нантсзин (пойтахти ҷанубии давлати Кидан то миёнаи асри 12), аз миёнаи асри 12 Ҷунду ё Дасин ном дошт. Соли 1215 шаҳрро муғулҳо ишғол карданд. Он бо номи Даду ё бо номи муғулии Хонбалик дар асрҳои 13—14 пойтахти империяи Юани муғулҳо буд. Аз ссри 1368, баъди аз муғулҳо озод карда шудани Хитой Бэйтсзин ном гирифт. Соли 1421 пойтах­ти империяи хитоии Мин гардида, Бэйтсзин (номи русии Пекин аз ҳа­мин ҷост) номида шуд.

Соли 1644 онро лашкари деҳқонони шӯришгар бо роҳбарии Ли Тсзи-чэн ва худи ҳамон вақт манҷурҳо, ки дар Хитой сулолаи Сини худро пойдор намуда буданд, ишғол кардана. Соли 1618 сайёҳи рус И. Петлин ба И. омад. Дар асри 17 сафирони Россия Ф, И. Байков, Н. С. Перфилев, С. Аблин, Н. Г. Снафирий ба Пекин рафта буданд. Соли  1716 дар Пекин Миссияи динии Россия таъсис ёфт.

Соли 1860, дар давраи Ҷанги Англия- Франсия-Хитой (1856—1860) ва соли 1900, дар рафти шӯриши зиддиимпериалистии Ихатуан, Пекинро қушунҳои давлатҳои хориҷӣ забт карданд. Соли 1912, дар давраи Револютсияи буржуазии Синхай, Пекинро пойтахти Республикаи Хитой эълон шуд. 4 май 1919 дар зери таъсири Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Пекин намоише ба амал омад ва он дар Хитой ба авҷи ҳаракати зиддиимпериалистӣ ва зиддифеодалӣ ибтидо гузошт. Соли 1920 Ли Да-чжао дар Пекин аввалин кружоки марксистии коммунистӣ ташкил намуд. Баъди дар соли 1921 ташкил шудани Партияи Коммунистии Хитой (ПКХ) дар Пекин Бю­рои шимолии КМ ПКХ бо сардории Ли Да-чжао дар пинҳонкорӣ амал мекард.

Баъди дар мамлакат барқарор гардидани диктатураи Гомин­дан (1927) пойтахтро ба Нанкил кӯчониданд ва Пекин боз Бэйпин номида шуд. 9 декабри 1935 дар Пекин бар зидди сиёсати гоминдании афрӯхтани оташи ҷанги гражданӣ ва гузашт кар­дан ба империализми Япония намоиши студентон барпо шуд. Солҳои 1937—1945 Пекинро таҷовузкорони Япония забт карданд. Баъди таслим шудани Япония Пекин зердасти Гоминдан гардид. 31 январи 1949 армияи халқи- озодихоҳии Хитой Пекинро аз гомин- данчиён озод кард. Сентябри 1949 Сессияи 1-уми Совети халқии сиёсӣ- консултативии Хитой шаҳрро боз Бэйтсзин (П.) номид ва пойтахти РХХ эълон кард. Дар давраи «револютсияи маданӣ» дар Пекин ташкилотхҳои ҷамъиятӣ (комсомол, иттифоқҳои касаба ва ғайра), органҳои марказӣ ва пойтахтии онҳо пароканда карда шуданд.

Хоҷагӣ. Пекин дар яке аз ноҳияҳои сераҳолӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққи кардан мамлакат — Хуабэӣ (Хитои Шимолӣ) мавқеи муҳими географиро ишғол менамояд. Дар даҳсолаи 1-уми баъди ташкили РХХ

аҳамияти Пекин ҳамчун маркази иқтисодӣ дар миқёси умумимиллӣ афзуд. Ба ин дар чорраҳаи нақлиётӣ воқеъ будани пойтахт, вусъат ёфтани робитаҳои иқтисодии дохилӣ ва хориҷӣ, дар территорияи атрофи Пекин вуҷуд доштани базаи ашёи хом (минералӣ ва хоҷагии қишлоқ) мусоидат мекунад. То соли 1949 дар ин ҷо  асосан соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ (асосан косибӣ) тараққӣ карда, ҳунармандӣ равнақ ёфт. Дар солҳои 1948—1957 маҳсулоте, ки корхонаҳои саноатии Пекин мебароварданд, 17 маротиба афзуд. Соҳаҳои саноати вазнин соҳаҳои асосии саноат гардиданд. Дар ин давра қисми зиёди корхонаҳо бо ёрии СССР ва дигар давлатҳои сотсиа­листӣ сохта шуданд. Дар Пекин корхонаҳои саноати мошнисозӣ (автомобил, мошинҳои хоҷагии қишлоқ дастгоҳ, ҳар  гуна таҷҳизот, подшипник, дастгоҳҳои бофандагӣ ва ғайра), асбобсозӣ, радиоэлектроника (лампаҳои электронӣ, нимноқилҳо, радиоаппаратура, телевизор, ҳисобмошинҳои электронӣ), саноати коркарди нефт, сано­ати химия (кислота, сода, нуриҳои минералӣ, массаҳои пластикӣ, нахи синтетикӣ, каучуки синтетикӣ, маснуоти резинӣ ва фармасевтӣ), истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ воқеанд. Пекин марказӣ саноати бофандагӣ (асосан матои пахтагин) ва полиграфия мебошад. ТЭС-ҳо ва ГЭС-и Гуанътон шаҳрро бо қувваи электр таъмин мекунанд. Истихроҷи ангишт афзуд, комбинати металлургӣ, заводҳои хишт ва семент сохта шуданд. Дар Пекин зиёда аз 200 корхонаи калон кор мекунад. Ҳунармандӣ ва косибӣ, ки аз давраҳои қадим маъмуланд, дар иқтисодиёти Пекин ҳоло ҳам роли калон мебозанд.

Пекин калонтарин узели нақлиётии РХХ мебошад, аз ин шаҳр 4 магистрали роҳи оҳан мегузарад. Аэропорти асосиаш—Шоуду. Бандари асосии баҳриаш — Тянсзин дар хал. Боҳайвани баҳри Зард воқест Пекин метро­политен дорад.

Меъморӣ. Санъати меъмории Пекин дар тули бисёр асрҳо ташаккул ёфтааст. Харобаҳои деворҳои похсагин ва таҳкурсии биноҳои асри 12 боқӣ мондаанд. Онҳо шаҳодат медиҳанд, ки шаҳр дар ҳамон давра танҳо қисми ҷанубу ғарбии Пекини ҳозираро ишғол мекардааст. Шаҳр дар асри 13 ба самти Шимолӣ вусъат ёфта, дар асрҳои 15—17 ба ансамбли мӯҳташаме мубаддал гаштааст. Деворҳои ғафси похсагин бо хишт рӯикаш шудаанд. Дар ибтидои соли 1553 атрофн маҳал, ки ҳамчунии бо деворҳои хиштин иҳота шуда буд, «Шаҳри берун»-ро ташкил мекард. «Шаҳри дарун» комплекси «Шаҳри император»-ро дар бар мегирифт. «Шаҳри император» гирдогирд бо девор ва хандақ иҳота ёфта, дар дохили он бисёр кӯшк, маъбад, калисо, чорбоғ, теппаю кӯлҳо воқеъ буданд. Аз ҷумла: маъбади Таймяо (1420, соли 1544 аз нав сохта шудааст), меҳроби Шзтсэнтан (асри 15), чорбоғи теппаи Мэйшан.. чорбоғи Бэнхай (дар соҳил ва ҷазираи Бэйхай), павилонҳои Улунтин ва ғайра. Девори ҷануби  «Шаҳри император» бо дарвозаи Чэнтянминъ (1420, ба ҷои он соли 1651 дарвозаи нави Тянанмин сохта шуд) ба охир мерасид. Дар қисми ҷануби («Шаҳри берун») ансамб­ли «Маъбади осмон» (Тянтанъ, 1420—1530) бунёд гардид. Охир асри 17— асри 19 дар территорияи «Шаҳри импера­тор» маъбадҳои зиёд «Шаниньдянь». «Маъбади манбаи накӯкорӣ», охири асри 17— ибтидои асри 18; Ванфолоу, «Маъбади даҳ ҳазор Буддо», асри 18; ҳар ду — дар боғи Бэйхай ва ғайра, шипангчаҳо, айвонҳо ва ғайра сохта шуда­анд.

Баъди ғалабаи Револютсияи халқии 1949 дар Пекин майдони асосии Тянанмин хеле васеъ карда шуд. Дар Ғарб ва Шимоли он бинои Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқ Музеи револютсияи Хитой ва Музеи таърихи Хитой (ҳар ду соли 1959) сохта шуданд. Қасри маданияти миллатҳо, Телеграфи марказӣ (1958) ҳаст. Аз рӯи лоиҳаи меъморони советӣ дар Пекин Павилони намоишгоҳ (1954, В. С. Андреев ва дигарон), Хонаи радио (1954— 57, Д. Н. Чечулин) сохта шуд. Солҳои 60 ба як қатор ёдгориҳои қадима осеб расонида шуд. Дар гирду атрофи Пекин бисёр қаср, маъбад, ансамблҳои ёдгорӣ ҳастанд.

Маориф ва сохтмони маданӣ. То соли 1949 дар Пекин 11 мактаби олӣ буд, соли таҳсили 1959/60—1952 мактаби олӣ (107 ҳазор студент). Дар натиҷаи «революцӯтсияи маданӣ» дар нимаи дуюми солҳои 60 машғулият дар мактабҳои олӣ қатӣ гардид; аз соли 1970 қисман барқарор шуд. Калонтарин ва кӯҳнатарин мактаби олӣ — Унститути Пекин (таъсисаш 1898); институтҳои педагогӣ ва тиббӣ, унститути Тсинхуа, ин­ститути хоҷагии қишлоқ, унститути халқӣ, консерватория ва ғайра низ аз калонтарии донишкадаҳои олии Пекин мебошанд. Дар Пекин АФ Хитой, АИТ, Академияи илмҳои хоҷагии қишлоқ, консерватории, боғи ботаникӣ, чандии муассисаҳои тодқиқоти илмӣ; Китобхонаи миллии Пекин, Китобхонаи марказии Академияи Фанҳои Республикаи Халқии Хитой, Китобхонаи Университети Пекин, китобхонаи шаҳрӣ, Музеи собиқ қасри император (Гугуи). Музеи таърихи Хитой ҳастанд. Дар Пекин инчунин группаи дра­маи мусиқии Пекин, дастаҳои гуногуни балет, сирк ва ғайра амал мекунанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …