Маълумоти охирин

ПЭКЧЕ

korea

ПЭКЧЕ, яке аз се давлати Корея (П., Когурё, Силла), дар аввалҳои милод дар натиҷаи парокандашавии муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ бан­ки қабилаҳои махан, ки дар қисми марказӣ ва ҷанубу ғарбии нимҷазират Ко­рея маскун буданд, ба вуҷуд омадааст. Солномаҳои Корея дар Пэкче ба вувуд омадани қонунҳо (масалан, қонуни ҳифзи мулки хусусӣ) ва мансабҳоро ба асри 3 нисбат медиҳанд. Ташаккули надстройкаи давлатӣ, зоҳиран, дар нимаи дуюми асри 4. ба итмом расидааст. Буддоия низ ҳамчун дини расмӣ дар Пэкче ҳамои вақт ҷорӣ гардид (соли 384). Оид ба харак­терт иҷтимоию иқтисодии давлати Пэкче фикри ягонае нест. Зоҳиран, дар Пэкче замин моликияти давлат буда, ап­парати давлатӣ истеҳсолкунандагонро нетисмор мекардааст. Онҳо Маҷбур буданд андоз диҳанд, заҳмат кашанд ва хизмати маҷбурии ҳарбиро адо кунанд. Истисмори асирони ҳарбии ба ғулом табдил до­дашуда низ зоҳиран роли муайяне мебозид. Аз охири асри 4 муносибати Пэкче бо Когурё, ки мехост мулкҳои ҷанубиро забт кунад, тезу тунд шуд. Пэкче баъди муваффақиятҳои муваққатии ҳарбӣ шикастҳои сахт хӯрд ва мулкҳои дар Кореяи Марказӣ доштаи худро аз даст дод. Пойтахти Пэкче аз Хансон (ҳозира Кванчу) аввал (соли 475) ба Упчхон (ҳозира Кончу), баъд (538) ба Собури (ҳозира Пуë) кӯчонида шуд. Ҷангҳое, ки асрҳои 5—7 бо ҳамсоягони пуриқтидор, хусусан бо Силла бурд, Пэкчеро басо заиф гардонд. Армияи даилати Силла ва сулолаи хитоии Тан соли 660 пойтахти Пэкчеро ишғол намуд. Территорияи Пэкче ба тасарруфи ҳокимияти истилогарони Тан гузашт. Дар охири асри 7 мулкҳои Пэкче ба ҳақати давлати муттаҳидаи Силла дохил карда шуд.

Маданияти Пэкче ба инкишофи маданияти Японияи аввалҳои асрҳои миёна таъсири намоёне расонд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …