Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Пегматит

Пегматит

Пегматит (аз юн. реgmatos —мустаҳкам васлшуда), ҷинси фишондаи бештар калондонаест, ки дар байни ҷинсҳои кӯҳӣ дар шакли раг, дайка, линза ва дигар ҷисмҳо ҷойгир шудааст. Тӯли ин ҷисмҳо ба чандин км ва ғафсиашон ба чандсад м мерасад. Пегматит дар марҳилаи охирини ташаккули массивҳои интрузивӣ кристалл мебандад. Минералҳои асосии Пегматит аз минералҳои магмаи аслӣ фирҳе надоранд. Одатан таркиби минералии Пегматит Нифонт бой буда, махсусан дар байнн онҳо минералҳое, ки моддаҳои тез бухоршаванда (об, фтор, бор, хлор ва ғайра) доранд, хеле бисёранд. Дар баъзе Пегматитҳо ба миқдори зиёд пайвасти элементҳои нодир ва пошхӯрда (Li, RB, Сs, Ве, Nb, Та, Zг, Hf, U, 8c ва ғайра) ёфт мешаванд. Одатан кристаллҳои минералҳои Пегматит аз девораи рагҳои пегматитӣ то ба миёнаҳои он торафт калон шуда мераванд. Андозан баъзе кристаллҳо 1—2 м3 аст.

Пайдоиши Пегматитҳо бо ҷинсҳои интрузивии турш (граниту гранодиоритҳо), ишқорӣ (сиенитҳо ва сиенитҳои нефелиндор), асосӣ (габбро), ултра-асосӣ (перидотитҳо) вобаста аст. Пегматити гранитӣ аз ҳама бештар паҳн шудааст. Тамоми хелҳои Пегматит ба ғайр аз минералҳои асосии ҷинсофарии боз ба миқдори гуногун турмалин, мусковит, берилл, флогопит, сподумен, минералҳои металлҳои нодир ва пайвастҳои Nb, Та, Р, U, Тh ва ғайра доранд. Роҷеъ ба пайдоиши Пегматит ақидаҳои гуногун ҳаст. Пегматитҳо дорои оҳамияти калони амалианд. Онҳо барои саноати кулолӣ ва шиша манбаи шпатҳои даштӣ, барои саноати радио ва электротехника манбаи абрақу пезоквартс буда, ҳамчунин кони сангҳои қиматбаҳо ба шумор мераванд. Пегматитҳои гранитӣ кони металлҳои нодир ва минералҳои нодирзамин (сподумен, берилл, колумбит, танталит, лепидолит, касситерит, поллутсит, урану торий ва ғайра) мебошанд. Дар Тоҷикистон Пегматитҳо дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Ҳисору Олой ва кӯҳҳои Помир вомехӯранд. Дар СССР хусусан Пегматитҳои Карелия, Украина ва Урал маъмуланд.

Ад.: Ферсман А. Е., Пегматиты, 3 изд., т. Г, М.—Л., 1940; Пегмапиты, Сб., Л.,- 1972.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …