Маълумоти охирин
Главная / Илм / Педология

Педология

П. П. Блонский

Педология (аз юн. ра1^08 — ба­ча ва … логия), илмест оид ба бачаҳо, аслан — маҷмӯи ақидаҳои номураттаби анатомияи психологӣ, би­ологӣ ва сотсиологиест дар бобати инкишофи бачаҳо. Педология охири асри 19 ва аввали асри 20 ба вуҷуд омадааст. Дар СССР шабакаи муассисаҳои педологӣ вусъат ёфт, конференсия (1927) ва съезди педологҳо (1928) гузаро­нида шуданд, журнали «Педология» (1928—1932) нашр гардид. Охири солҳои 20 ҳомиёни Педология даъво мекарданд, ки Педология ягона «илми марксистиест оид ба бачаҳо». Педология педагогикаро танг, психология, анатомия ва физиоло­гияи синну соли бачаҳоро пахш карда буд.

Педология ба психология ошкоро зид мебаромад, давраҳои тараққиёти психологияи марксистию лениниро ба эътибор намегирифт. Педологҳо принсипҳои илмии психология, анатомия, физиология ва педагогикаро сарфи назар карда натавонистанд диққати худро ба амалиёти «ду омил» (муҳит ва ирсият), ки ба пиндошти онҳо инкишофи психикиро муайян мекунанд, ҷалб намуданд. Мароми идеалистӣ ва механикии педологҳо — роҳномаи зиддипсихологизм ба мактаб зарари калон расонд.

Онҳо саргарми санҷишу озмоишҳои аз ҷиҳати илмӣ беасос буданд. Дар аввали солҳои 30 бисёр ақидаҳои пе­дологҳо сахт танқид шуданд. Қарори КМ ВКП(б) аз 4 июли 1936 «Оид ба вайронкориҳои педологӣ дар систе­маи Комиссариати маорифи халқ» барои инкишофи минбаъдаи педаго­гика ва психологияи советӣ ёрии ка­лон расонд.

Ад.: Петровский А. В.. История советской психологии. М., 1967; Я р о- ш е в с к и й М. П., История психологии. М.. 1976.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …