Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / Педогенёз

Педогенёз

Н. П. Вангер

Педогенёз (аз юн. paidos — бача ва … генез), усули инкишофи як гурӯҳ ҳайвонҳои бемӯҳра, ки дар кирминаи онҳо ҳуҷайратухми бордорнашуда инкишоф ёфта, ба насли нав ибтидо мегузорад; як навъи парте­ногенез. Педогенезро соли 1862 зоологи рус Н. П. Вагнер дар ҳашароти дуболаи ҷинси Miastor кашф намудааст. Истилоҳи «Педогенёз»-ро соли 1865 табиатшиноси рус К. М. Бэр ба илм дохил кардааст.

Ҳангоми Педогенёз кирминаи духтаронае, ки дар бадани кирминаи модарӣ ҳосил мешавад, чун паразити дохилӣ аввал бофтаҳои кирминаи модариро мехӯрад ва баъд кутикулаи онро дарронда ба ҳаёти озод мебарояд..Баъзан баъди чанд насли кирминаи партепогенезӣ кирминае пайдо мешавад, ки метаморфозро ба итмом расонида, нарина ва модинаҳои болиғ медиҳад. Минбаъд ин наринаю модинаҳо бо роҳи ҷинсӣ меафзоянд.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …