Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педиатрия

Педиатрия

Педиатрия (аз юн. раis, рaidos — кӯдак, бача ва iatreia — муолиҷа), илмест, ки анатомия ва физиологияи организми бача, бемориҳои бачагона, роҳҳои муолиҷа ва пешгирии ин бемориҳоро меомӯзад. Ша­роити гигиении барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва маънавии бачагон зарурро як соҳаи мустақи­ли Педиатрия— ба истилоҳ гигиенаи бачагон ва наврасон меомӯзад.

Баъзе қоидаву дастурҳо оид ба нигоҳубнни бачагон ва табобати бемориҳои бачагона дар маъхазҳои қадимаи Миср, Бобулистон, Ҳиндустон ва ғайра сабт шудаанд. Маълумоти нисбатан мукаммал оид ба бемориҳои бачагона дар асарҳои духтурони Юнони Қадим ба назар мерасанд. Масалан, дар китоби Буқрот «Дар бораи табиати бача» доир ба дандонбарорӣ ва омилҳои асосии физиологию бемориҳои аъзои ҳозимаи бачагон маълумот ҳаст. Закариёи Розӣ, Ибни Сино доир ба парҳез, беҳдошт ва бе­мориҳои гуногуни бачагона ва муолиҷаи онҳо изҳори ақида кардаанд. Дар асрҳои 15—17 дар Европа оид ба бемориҳои бачагона нахустин китобҳои махсус таълиф гардиданд.

Дар инкишофи Педиатрия дар асри 18 духтурони англис У. Кадоган, Г. Армстронг, М. Ундервуд, Э. Сеннер ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Аввалин беморхонаҳои бачагона дар ибтидои асри 19 таъсис ёфтанд. Педиатрия ҳамчун илми мустақили клиникӣ дар нимаи дуюми асри 19 ташаккул ёфт. Дар охири а.сри 19 ва ибтилои асри 20 дар бисёр мамлакатҳои Европа, ШМА ва Канада мактабҳои педиатрӣ таъсис ёфтанд. Нахустин муҳаққиқони Педиатрия дар Россия С. Г. Зибелин, Н. М. Амбодик-Максимович, Н. И. Новиков ва дигарон буданд. Якумин беморхонаи бачагона дар Пе­тербург (1834) ва кафедраи бемори­ҳои бачагона дар Академияи тиббии ҷарроҳӣ (1869) ташкил карда шуд. Бо ташаббуси Н. И. Бистров дар Пе­тербург (1885) ва Н. Ф. Филатов дар Москва (1892) нахустин ҷамъиятҳои духтурони бемориҳои бачагона таъ­сис ёфтанд.

Баъди ғалабаи Ревеволютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр Педиатрия тадриҷан ба соҳаҳои гуногун тақсим шуд. Як қатор муассисаҳои табобатию профилактикии ба­чагона, инсӣитутҳои тадқиқоти илмӣ ва ғайра ташкил ёфтанд. Дар СССР муҳофизати модарон ва кӯдакон, муҳофизати саломатии бачагон ва наврасон, муҳофизати ҷанин то таваллуд ва ғайра ба роҳ монда шуд. Дар равнақи Педиатрияи советӣ Г. И. Сперанский, В. И. Мол­чанов, А. А. Колтипин. 3. П. Солов­ёв ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Ҷамъияти умумииттифоқии илмию тиббии духтурони бачагон дар СССР аз соли 1925 амал мекунад. Тадқиқотҳо оид ба Педиатрия дар Институти педиатрияи АИТ СССР (Москва), институтҳои. тадқиқоти илмии педиатрии республикаҳо, инчунин кафедраҳои педиатрияи институтҳои тиббӣ ва унститутҳо бурда мешаванд. Масъалаҳои Педиатрия дар журналҳои «Педиатрия» (аз 1934), «Вопросы ох­раны материнства и детства» (аз 1956) ва ғайра инъикос меёбанд.

Дар Тоҷикистон кӯмаки мунтазами тиббӣ расонидан ба кӯдакони бемор фақат дар давраи советӣ имконпазир гардид. Дар солҳои ҳо­кимияти Советӣ муассисаҳои табоба­тию профилактикӣ хеле тараққи карданд. Дар равнақи Педиатрия ва тайёр кардани кадрҳои маҳаллӣ дар респуб­лика ҳиссаи олимон С. Я. Шаферштейн, С. Ф. Широков, В. С. Вайл Г. Е. Левина ва дигарон калон аст. Соли 1942 дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон кафедраи бемориҳои бача­гона таъсис ёфт, ки он оид ба масъ­алаҳои клиника ва муолиҷаи вараҷа, тарбод ва бемориҳои ҷигари кӯдакон, масъалаҳои хӯрокдиҳӣ, хунгузаронӣ ва ғайра тадқиқотҳо мебарад.

Баъди таъсиси факултети педиатрия ва кафедраи педиатрияи ин факултетт (1958) доираи мавзӯъҳои тадқиқоти илмии Педиатрия васеъ гашт. Масъалаҳои актуалии педиатрҳои тоҷик инҳоянд: хусусияти ҷараёни клиникӣ, этпопатогенез ва муолиҷаи иллати гурдаи бачагон (гломерулонефрит, пиелонефрит), усулҳои нави ташхиси холетсистит, ҷиҳатҳои гуногуни пневмония ва анемия дар кӯдакони хурдсол, системаи иммуногенез дар ҳолатҳои гуногун, ҷиҳатҳои гуногуни гематоло­гия, гепатити вирусӣ ва ғайра.

Дар Тоҷикистон соли 1976 157 поликлиникаи ба­чагона, 6205 кати статсионарӣ барои бачагон ва 11 санаторияи бачагона мавҷуд буд. Дар ин муассисаҳо бештар аз 1148 педиатрҳо кор мекарданд. Ҷамъияти республикавии пе­диатрҳо аз соли 1942 вуҷуд дорад. Дар республика мунтазам конференсияҳои илмию амалии педиатрҳо гузаронида мешаванд.

Ад.. Голдфелд А. Я.. Очерки по истории педиатрии в СССР, М., 1970; Стафилококковые заболевания у детей раннего возраста, Д., 1975; Якубова М. М;, Клиника и диагностика диффуз­ного гломерулонефрита у детей, Д., 1976; Хасанова К. А., М и р о к и л о в а А. М., Картина крови в норме и в пато­логии у детей жителей Памипа, Д., 1977.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …