Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педагогикаи халқӣ

Педагогикаи халқӣ

Педагогикаи халқӣ, соҳаи ил­ми педагогика. Педагогикаи халқӣ маҷмӯи донишҳои педагогист, ки аз таҷрибаи рӯзгор ба миён омадааст. Истилоҳи Педагогикаи халқиро ба адабиёти педагогӣ К. Д. Ушинский дохил кард ва моҳияти тарбиявии эҷодиёти лафзии халки русро низ ӯ шарҳ дод. Эҷодиёти лаф­зии халқ қисми демократии маданияти қадимаи оммаи васеи халқ буда, як зумра файласуфон, психологҳо, педагогҳо, гӯяндагон ва ровиёни номаълум дорад. Аввалин тасаввуроти одамон доир ба зиндагӣ, муҳит ва таҷрибаи рӯзгор дар эҷодиёти лаф­зии халқ ифода ёфта, ҳар халқ вобаста ба тараққиёти таърихию мавқеи географӣ тарзи зиндагӣ ва расму оини хоси худро дорад.

Гузаштагони мо, тоҷикон, аз қадимулайём барои тарбияи инсони поксиршти усулҳои гуногуни таъсиррасониро ба кор бурдаанд ва таҷрибаи ҳаётии онҳо аз авлод ба авлод, аз насл ба насл шифоҳан нақл ёфта, ба сифати Педагогикаи халқ то ба замони мо расидааст. Дар эҷодиёти лафзии халқи тоҷик дар хусуси таълиму тарбия бисёр фикрҳои ҷолиби диққат баён шудааст. Масалан, дар афсона, ривоят, достон, зарбулмасал ва ғайра ҳурмати падару модар, муҳаббат ва вафодорӣ, ҳақгӯӣ ва садоқат, нафъи меҳнат ва зарари бекорӣ, нотарсиву далерӣ, муносибати самимона ба дӯстон, нафрат ба зулму золимон ва райра ифода ёфтааст.

Баъди ба ҳаёти муқимӣ гузаштани одамон ва ба вуҷуд омадани давлат гӯянда ва мутрибон пайдо шуданд, ки далерӣ ва қаҳрамонии пешвоёни худро васф мекарданд. Яке қадимтарин ривоятҳои халқӣ до­стонӣ Сиёвуш аст, ки ӯ ҳомин осоиши мардум будааст. Халқ аз марги ӯ ғамгин шуда, бисёр суруд ва рироятҳо офарида буд, ки баром дар рӯҳи қаҳрамонию далерӣ тарбия кардани одамон хидматеро ба ҷо оварданд. Суруди «Алла», ки дар сари гаҳвораи тифл хонда мешавад, чун як унсури тарбияи томактабӣ, орзую омол ва идеали падару модарро акс менамояд:

Алла, ҷонам, аллаё,

Ороми ҷонам, аллаё,

Калон шавӣ, хандон шавӣ, э аллаё,

Чакдон шавӣ, пурдон шавӣ, э аллаё.

Намояндагони Педагогикаи халқ хусусияти рӯҳияи бачагонро хуб медонистанд. Суруд, тарона, афсона ва тезгӯякҳое, ки мақсади муайяне дошта, характер ва хислати бачагонро равшану возеҳ месозанд, ба ин шаҳодат медиҳанд. Педагогикаи халқ қисми дар таҷриба ҳосил шудаи донишҳои педагогии оммаи халқ буда, малака ва маҳорати одамонро доир ба таълим ва тарбия дар бар мегирад. Сарчашмаи асосии Педагогикаи халқро эҷодиёти лафзии халқ, материалеи этнографӣ, анъанаҳои халқ, бозӣ ва бозичаҳо, иду маросимҳо таҷрибаи тарбияи оила ва ғайра ташкил медиҳад.

Педагогикаи халқ натиҷаи меҳнати эҷодии коллективонаи наслҳои мухталиф буда, вобаста ба талаботи халқ беҳтарин ҷиҳатҳои демократӣ ва гуманистии тарбияро пеш гузоштааст. Ҷиҳати асосии Педагогикаи халқ тарбияи меҳнат буда, мақсади он дониш, малака ва маҳорати истеҳсолӣ ҳосил кунондан аст. Дар роҳи ин мақсад аз чунин унсурҳои Педагогикаи халқ, монанди тақлид, ибрат, тартиби рӯз, таъриф, танбеҳ ва ғайра истифода мебаранд.

Воситаҳои халқии тарбияи эстети­кӣ ва ҷисмонӣ (суруд, рақс, бозӣ ва ғайра) бисёр шавқовар буда, дар байни халқ дар ҳар маҳал ботобиши дигар дучор меоянд. Аз ин рӯ Педагогикаи халқ аз сарчашмаҳои муҳимми назарӣ ва амалии педагогика буда, дар тарбияи ахлоқи коммунистки насли наврас ва тартиботи педагогӣ дар байни падару модарон мавқеи калон дорад. Педагогикаи халқ кам омӯхта шудааст ва дар он як қатор норасоиҳо мушоҳида мешаванд. Агарчи асосан манфиати оммаҳои халқро ҳимоя мекард, Педагогии халқ чун шакли шуури ҷамъиятӣ баъзан ақидаҳои реаксиониро, ки ба синфи ҳукмрон хизмат мерасонд, акс намудааст: Бинобар ин ҳамон ҷиҳатҳои Педагогикаи харқро бояд омӯзам ва тарғиб на­моем, ки ба тарбияи замоии мо мувофиқ бошад.

Ад.: Волков Г. Н., Чувашская на­родная педагогика, Чебоксары, 1958; Г а- шя м о в А. Ш., Азербайджанская на­родная педагогика (дис. докторй); Орифӣ М., Аз таърихи афкори педагогии халқи тоҷик, ҷ. 1—2, Д. 196(2—65.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …