Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Педагогика

Педагогика

Педагогика (юн. раidagogike — нигоҳубин, тарбияи кӯдак), маҷмӯи илмҳои назарӣ ва амалист, ки масъалаҳои таълим, тарбия ва маълумотро дар бар мегирад.

Аввал Педагогика ҳамчун назарияи таълим ва тарбияи бачагон инкишоф ёфт. Педагогика дар СССР ва мамлакатҳои сотсиалистӣ ҳамчун назарияи тарбияи коммунистии одами нав тараққи мекунад; бо сотсиология ва психология алоқаи узвӣ дорад. Педагогика қонунияти просесси тарбия, сохт ва тартиби онро тадқиқ, назария ва методика, принсип ва шаклҳои ташкили кори таълиму тарбияро мураттаб менамояд. Ба соҳаҳои Педагогика назарияи тарбия, таълим ва маълумоти бачагони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ, ки онро дефектология меноманд, дохил мешаванд. Дефектология аз тифлопедагогика, сурдопедагогика, олигофренопедагогика иборат аст. Ба соҳаи Педагогика таърихи педагогика низ дохил мешавад. Педагогика дар айни ҳол ба Педагогикаи мактабӣ, Педагогикаи маълумоти касбҳои техникӣ, Педагогикаи омӯзишгоҳҳои педагогӣ, Педагогикаи мактаби олӣ ва Педагогикаи  томактабӣ ҷудо мешавад, ки ҳамаи инро Педагогикаи синнусолӣ меноманд. Дар марҳилаи ҳозира Педагогикаи оилавӣ, Педагогикаи ҳарбӣ, Педагогикаи истеҳсолотӣ, Педагогикаи муқоисавӣ, Педагогикаи калонсолон соҳаҳои алоҳидаи Педагогика гардиданд. Педаогика бо биология, физиология, генетика, антропология, сотсиология ва психология барин илмҳо алоқаи узвӣ дорад. Солҳои охир Педагогикаи иҷтимоӣ, Педагогикаи психологӣ, Педагогикаи муолиҷавӣ, Педагогикаи санъатшиносӣ, Педагогикаи ҳуқуқшиносӣ, Педагогикаии ислоҳи меҳнатӣ барин соҳаҳои нави Педагогика ба вуҷуд омаданд.

Педагогика чун фанни ҷамъиятӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Аз ин рӯ Педагогика ба системаи донишҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад ва бо ҳамдастӣ бо дигар фанҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама фалсафа, этика, эстетика инкишоф меёбад. Асоси методологии Педагогика фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, материализмӣ диалектики ва таъриҳӣ мебошад.

Мафҳумҳои асосии Педагогика тарбия, таълим, маълумот ва омӯзиш аст.

а)         Тарбия — аз тарафи тарбиятгар ташаккул додани симои ахлоқӣ, инкишофи эстетики ва ҷисмонии тарбиятгиранда.

 

б)        Таълим — мусаллаҳ намудани хонандагон бо дониш, маҳорат ва малакаҳо, такмили шуур ва рафтори онҳо.

 

в)         Маълумот — просесс ва натиҷаи аз худ намудани системаи донишҳо ва дар ин асос ташаккул додани ҷаҳонбинии коммунистӣ, шууру рафтори коммунистӣ.

 

Педагогика методҳои махсуси тадқиқотӣ дорад, ки онҳоро методҳои тадқиқоти педагогӣ меноманд. Педагогикаи советӣ чунин методҳои тадқиқоти педагогӣ дорад: мушоҳидаи педагогӣ (ду хел мешавад: бевосита ва бавосита) ва озмоиши педагогӣ (ду хел мешавад: табилӣ ва сунъӣ); пурсиши д а ҳ о н а к и ва х а т т ӣ; омӯхтани ҳуҷҷатҳои муассисаҳои таълиму тарбиявӣ ва к о р ҳ о и бачагон. Вақтҳои охир методи таҳлили муқоисавии кори таълиму тарбия ва методи тадқиқоти математики низ ҳарҷониба истифода бурда мешавад.

Аввалин тадқиқотҳои педагогӣ ба аҳди ҷамъияти ғуломдорӣ оиданд. Педагогии дунёи қадим мақсад дошт, ки тавассути тарбия хулқу атвор ва одатҳои аҳли ҷамъиятро нигоҳ дорад. Ба ҳамин мақсад дар Миср парастиши коҳинон, дар Ҳиндустон кастаҳо, дар Хитой ақидаи бенуқсии император ва ғайра тарғиб карда мешуд.

Ақидаҳои педагогӣ дар замонҳои қадим дар зимни фанҳои фалсафа, илоҳиёт, сиёсат ба вуҷуд омаданд ва инкишоф ёфтанд. Чунончи, дар китобҳои ба ном муқаддас Забур, Таврот, Инҷил, Қуръон ва дигар меъёри рафтор, муносибати падару модар ва фарзандон баён ёфтаанд. Машҳуртарин файласуфони Юнони Қадим Демокрит, Протагор, Суқрот, Афлотун, Арасту бо масъалаҳои сиёсат ва тарбия, давлат ва шахсият, роли маълумот дар ҳаёти ҷамъият ва ғайра машғул шудаанд. Онҳо аҳамияти тарбияи маълумот, зарурати тарбияи одами бомаърифат, бартарии маълумоти мураттаб ва дигар тамоюлҳои асосии инкишофи Педагогикаро нишон додаанд.

Ба муқобили зӯҳду тақвои асримиёнагӣ ақидаи инкишофи ҳаматарафаи инсон ба миён омад. Ин ақида минбаъд аз тарафи мутафаккирон— педагог ва психологӣ испанӣ X. Вивес, ходими сиёсии англис Т. Мор, нависандаи франсавӣ Ф. Рабле ва файласуфи франсавӣ М. Монтен, олими нидерландӣ Эразми Роттердамӣ тақвият дода шуд. Дар маркази диққати ин мутафаккирон таваҷҷӯҳи инсон ба ҳаёт, ҳаловат бурдан аз зиндагӣ, саъю кӯшиши ӯ ба фаъолият меистод. Бо ин ҳама дар ин давра назарияи педагогии мураттаб вуҷуд надошт, ақидаҳои педагогӣ фақат дар шаклҳои гуногуни адабӣ ифода карда мешуданд. Дар инкишофн назарияи тарбия ва худидораи инсон Фрэнсис Бэкон саҳми муайян дорад. Пансофия ва дидактикаи Я. А. Коменский, асарҳои фалсафӣ ва педагогии Ч. Локк дар ҳамин равия эҷод шудаанд.

 

Педагогикаро ҳамчун соҳаи мустақили донишҳои назарӣ Я. А. Коменский дар асари худ «Дидактикаи бузург» асоснок кард. Педагогикаи Коменский ба мактаби схоластикӣ зарбаи сахте зада, ҳама он ҷиҳатҳои беҳтаринеро, ки дар таҷрибаи кори мактабҳо фароҳам омада буданд, ҷамъбаст намуд. Дар Европа бори аввал Ҷ.  Локк кӯшид, ки масъалан тарбияи маънавиро ба таври нав ҳал намояд. Ин ба инкишофи минбаъдаи Педвгогика мусоидат кард. Дар тараққии П. А. Гелвеции ва Д. Дидро низ саҳми муайяне гузоштанд. А. Гелветсий дар асарҳои худ — «Дар бораи фикр», «Дар бораи инсон, қобилияти фикрӣ ва тарбияи ӯ» инкишофи инсон ба тарзи нав боҳо дод. Дар таърихи инкишофи фикрҳои педагогӣ Ж. Ж. Руссо мавқеи махсус дорад. Ақидаҳои Коменский, Локк ва Руссо ба кори амалии мактабҳои филантропистҳо И. Б. Ба­зедов, X. Г. Залтсман, И. Г. Кампе, И. X. Гутс-Мутс, X. К. Трапп ва дигарон таъсири калон бахшид. Бо таъсири филантропистҳо таълими Педагогика дар донишкадаҳои олӣ ҷорӣ карда шуд. Давраи нави инкишофи фикрҳои пе­дагогӣ бо фаъолияти И. Г. Песталотси робита дорад. Ӯ аввалин шу­да кӯшид, ки таълимро бо меҳнат пайваст намояд. Ба инкишофи назарияи педагогӣ аз бисёр ҷиҳат пе­дагоги демократи немис Ф. А. Дистервег мадад расонд. Хизмати ӯ дар соҳаи дидактика калон аст. Дистервег просесси таълимро басо дақиқ таҳлил кард.

Дар асри 19 инкишофи Педагогика ба таълимоти сотсиалистони хаёлӣ А. Сен-Си­мон ва Ш. Фуре (Франсия), Р. Оуэн (Англия) вобаста аст. Онҳо ақидаи ба табақаҳо вобаста кардани таълимро танқид намуда, талаб карданд, ки ҳама якҷоя таълим гиранд. Худи Р. Оуэн барои фарзандони коргарон дар назди фабрикааш муассисаҳои томактабӣ ташкил кард, таълимро бо меҳнати истеҳсолии насли наврас пайваст намуд, ки ин нисбат ба тамоми системаи педагогии гузашта қадаме ба пеш буд.

Барои Педагогиуаи буржуазии арафаи им­периализм равияи реаксионӣ харак­тернок буд. Намояндагони Педагогикаи ин давр: Спенсер, В. А. Лай, Э. Мейман, В. Ферер, Г. Кёршенштейнер, Ҷ. Дюи. Вале онҳо назарияи мукаммале ба вуҷуд оварда натавонистанд. Яке аз педагогҳои бонуфузи он давр — Г. Кёршентейнер кӯшид, ки ба плани хониши мактабҳои халқӣ бештар математика ва табиатшиносӣ дохил намояд, методҳои фаъоли таъ­лимро мураттаб созад. Ин диққати бисёр педагогҳоро ба худ кашид. Ҷ. Дюи фикри ташкили мактаби меҳнатиро ба миён гузошт. Дюи чунин мешуморид, ки меҳнат мактабро ба ҳаёт наздик намуда, чун воситаи таълиму тарбия хизмат хоҳад кард. Дар Россия аввалин тарғибкунандагони идеали инсондӯстӣ мутафаккирони Украина ва Белоруссия С. Зизаний, И. Боретский, К. Ставроветский (асри 16) буданд. Дар охири асри 17 ва аввали асри 18 педагогҳои рус Л. Магнитский, Феофан Прокопович, М. Смотритский,

В. Татишев ва дигарон хизмати калон карданд. Онҳо он вазифаҳои нави мактаб ва тарбияро, ки пешрафти иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат ба ми­ён гузошта буд, нишон дода, оид ба усули таълими фанҳои алоҳида маслиҳатҳо доданд. М. В. Ломоносов мекӯшид, ки мактабу маориф ба ҳама дастрас бошад. Ӯ барои донишкадаҳои олӣ чанд китоби дарсӣ ва дастурҳо иавишт.

Аввалин асарҳои калони оид ба Педагогика дар Россия дар нимаи дуюми асри 18 аз тарафи И. И.  Бетской, Ф. И. Янкович де Мириево, П. И. Новиков навишта шуданд. Яке аз асосгузорони равияи пешқадам дар П. А. Н. Радишев буд. Ӯ ба усули табақавии таълим дар мактабҳо муқобил баромада, масъалаи бомаърифат кардани халқро ба миён гузошт. Револютсио­нерони демократи рус. В. Г. Белин­ский, А. И. Гертсен, Н. А. Добролю­бов, Н. Г. Чернишевский бо пробле­маи назариявии Педагогика— мақсади тар­бия, мавқеи тарбия ва маориф дар ҷамъият, аҳамияти маърифатии илмҳои ҷамъиятӣ ва табиӣ, моҳияти тарбияи эстетикӣ ва ғайра  машғул шуданд. Педагогикаи револютсионерони демок­рат бо асосҳои методологии худ ба материализми таърихи хеле наздик шуд.

Дар солҳои 60 асри 19 рисолаҳои Н. И. Пирогов, Д. И. Писарев, Н. В. Шелгунов нишон доданд, ки проблемаҳои Педагогика диққати доираҳои васеи ҷамъиятро ба худ кашидаанд. Дар ин давра дар инкишофи Педагогика роли К. Д. У шине кий ниҳоят калон аст. Ӯ асосгузори Педагогикаи ватанист. Ходимони пепқадами мактаби халқӣ И. Я. Улянов ва дигарон саъю кӯшиш карданд, ки ақидаҳои К. Д. Ушинокийро дар амал татбиқ намоянд. Асарҳои К. Д. Ушинский ба эҷодиёти педа­гогҳои тараққипарвари Арманистон (Г. Агаян ва Н. Тер-Гевондян), Озарбойҷон (Р. Афандиев), Гурҷистон (Я. С. Гогебашвили), Қазоқистон (И. Алтинсарин) ва дигарон таъсири судманд расонданд. Дар инкишофи афкори педагогии рус Л. Н. Толстой мақоми баланд дорад. Асарҳои ӯ дар дарки психологияи бачагон, ҷаҳони ботинии онҳо ёрии калон мерасонанд.

Дар ривоҷи афкори педагогии халқи тоҷик мутафаккирон Рӯдакӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд. Асарҳои ин бузургон асосан афкори педагогии халқи тоҷикро ифода карда, дар тарбияи одами асил роли калон мебозанд. Хусусан асарҳои Носири Хисрав «Рӯшноинома», «Саодатнома», Кайковус «Қобуснома», Низомулмулк «Сиёсатнома», Фаридуддини Аттор «Панднома», Насируддини Тӯсӣ «Ахлоқи Носирӣ», Ҷалолиддини Ҷавонӣ «Ахлоқи Ҷалолӣ», Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», Абдураҳмони Ҷомӣ «Баҳористон» ва дигар насли наврасро ба покахлоқӣ, одамгарию мардонагӣ, далерию бомаърифатӣ, касбу ҳунаромӯзӣ ҳидоят менамоянд. Аҳмади Дониш ақидаҳои педагогии худро ба инкишофи мактабу маорифи пешқадам равона кард. Дар Тоҷикистони тоиинқилобӣ адабиёти махсуси педагогӣ қариб вуҷуд надошт. Дар мактабу мадрасаҳо бо усули асримиёнагӣ таълим медоданд. Системаи таълими дарсӣ- синфӣ баъди Револютсияи Кабири Сотсиалистии Ок­тябр ҷорӣ шуд. Охири асри 19— аввали асри 20 китобҳояи нави дарсӣ — «Устоди аввал» (С. Саидазизов), «Матлаъ-ул- улум ва маҷмаъ-ул-футуи» (В. Алӣ), Хулосот-ул-ҳисоб» (Б. Муҳаммад) ва ғайраҳо таълиф шуданд. Солҳои 10 асри 20 китобҳои дарсии «Таҳзиб-ус-сибёи» (С. Айнӣ), «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» (А. Шакурӣ), «Роҳбари китоб» (И. Раҳматуллоев) ва ғайраҳо интишор гардиданд.

Бо ин ҳама Педагогика ҳанӯз ба назарияи илмӣ табдил наёфта буд. Асосгузорони коммунизми илмӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс барои он замина фароҳам оварданд. Педагогика асоси методологии устувор пайдо кард, ки он материализми диалектикӣ ва таърихӣ буд. Марксизм дар соҳаи Педагогика дар натиҷая муборизаи ҷиддии зидди анархизм ва ислоҳотпарастӣ пойдор гардид. Марксизм бисёр масъалаҳои педаго­гӣ, аз ҷумла инкишофи ҳаматарафаи шахсият, таносуби тарбияи оилавӣ ва ҷамъиятӣ, маълумоти умумӣ ва политехникӣ ва ғайраро пеш гузошт ва роҳҳои асосии ҳалли ин масъалаҳоро нишон дод.

Дар шароити нав бо ҳалли бисёр масъалаҳои тарбия, маориф ва маълумот В. И. Ленин машғул шуд. В. И. Ленин то револютсия як қатор мақолаҳои худро ба масъалаҳои мак­табу маориф ва таълиму тарбия бахшид («Хоҷагии гимназия ва гимназияҳои ислоҳкунанда», «Вазирони мо дар чи хусус фикр мекунанд? », «Оид ба масъалаи сиёсати Вазорати ма­орифи халқ» ва ғайра). Ӯ программаи партиявии маорифи халқро мурат­таб сохт, ки он дар съезди 2-юми РСДРП қабул карда шуд. В. И. Ленин таъкид мекард, ки тарбия категорияи доимист. Нуктаҳои В. И. Ленин ба Педагогикаи советӣ асос гузоштанд. Барои инкишофи минбаъдаи назарияи Педагогии советӣ ҳалли чунин масъалаҳо аҳамияти калон доштанд: алоқаи Педагогӣ бо сиёсат, муносибати про­летариат ба маданияти гузашта ва мактаби кӯҳна, мазмун ва методҳои тарбияи ахлоқи коммунистӣ, тайёрии политехникии талабагони мактабҳои миёнаи маълумоти умумӣ ва ғайра. Ба­рои пешрафти Педагогии советӣ дар солҳои аввали ҳокимияти Советӣ хизмати П. Н. Лепешинский, М. М. Пистрак, С. Т. Шатский ва дигарон калон аст. Онҳо методҳои нави таълиму тарбияро мураттаб сохта, дар амал санҷиданд. Инкишофи назарияи Педагогӣ ба фаъолияти Н. К. Крупская низ вобаста аст. Ӯ то револютсия асари назариявии худ — «Маорифи халқ ва демократия»-ро (соли 1915) навишт. Ин асар аввалин тадқиқоти марк­систии соҳаи таърихи Педагогӣ буд.

Баъди Револютсияи Октябр Н. К. Круп­ская ҳамроҳи А. В. Луначарский, М. К. Покровский ва дигарон ходимони маорифи халқ ақидаҳои К. Маркс. Ф. Энгелс, В. И. Ленинро тартиб ва эҷодкорона истифода карданд. Н. П. Блонский, Л. Г. Калашников, А. П. Пинкевич, Б. Б. Комаровский, И. Ф. Свадковский, О. В. Трахтен­берг ва дигарон асарҳои худро ба пу­рии масъалаҳои методологӣ, монанди фанни Педагогӣ, муносибати Педагоги ба фалсафа, диалектикаи инкишофи афко­ри педагогӣ ва ғайра, бахшиданд. Аввалин асарҳои доир ба таърихи Педагогии советӣ аз тарафи Г. Е. Жураковский, Е. Н. Мединский ва дигарон навишта шуданд. Дар онҳо инкишофи мактаб ва афкори педагогӣ алоқамандона бо таърихи муборизаи синфӣ акс ёфт. Натиҷаҳои кори даҳсолаи мактаби советӣ дар «Энциклопедияи педаго­гӣ» (1927—1928), ки аз се ҷилд иборат буд, инъикос ёфтанд.

Дар асоси қарори КМ партия «Дар бораи мактаби ибтидоӣ ва миёна» мазмуни тадқиқоти педагогӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Кори пурсамари мураттаб намудани дидактика ва ме­тодика оғоз ёфт, ба мактабшиносӣ диққати махсус дода шуд. Китобҳои дарсӣ, программа ва дастурҳои таълимии нав таълиф ёфтанд. Китоби дарсии педагогика барои институтҳои пе­дагогӣ аз чоп баромад (соли 1934). Солҳои 1934—1940 бо ташаббуси И. А. Каиров, П. Н. Груздев, Е. Я. Голант, Н. К. Гончаров, С. М. Ривес, Л. Е. Раскин, С. X. Чавдаров ва дигарон дастурхон таълимии нав оид ба Педагогика тартиб дода шуданд. Ба инкишофи минбаъдаи Педагогика ташкил ёфтани АИП РСФСР (1943), ки он соли 1966 ба АИП СССР табдил ёфт, мадади калон расонд. Сонитар «Хонишҳои педагогӣ» ва конференсмяҳои илмию амалӣ гузаронида, дар онҳо таҷрибаҳои пепқадами педагогӣ ҷамъбаст карда шуданд. Солҳои 1948—1956 як қатор китобҳои нави дарсии педагогика бо таҳрири А. И. Каиров (1948, 1956), К. П. Есипов ва Н. К. Гончаров (1950), П. Н. Шимбирев ва И. Т. Ого­родников (1954) аз чоп баромаданд. Асарҳои А. С. Макаренко дар инкишофи фикрҳои педагогӣ дар СССР ва дигар мамлакатҳои сотсиалистӣ ро­ли калон бозиданд. Солҳои минбаъда дар нисбати нашри асарҳои К. Д. Ушинский, П. Ф. Лесгафт, А. С. Макаренко, Н. К. Крупская, С. Т. Шатс­кий, Я. А. Каменский, И. Г. Песталотси, А. Дистервег, А. Гербарт ва дигарон кори зиёде анҷом ёфт.

Солҳои 1940—1960 ба мураттаб сохтани методикаи кори тарбия, хусусан ба ташкил ва муттаҳид намудани коллективи талабагон, шакл ва методҳои тарбия, тарбияи коммунистӣ, муносибати коммунисти ба меҳнат, интизом ва ғайра аҳамияти калон дода шуд. Бо ҳалли ин масъалаҳо Н. И. Болдирев, Т. Е. Конникова, О. И. Рута, В. А. Сухомлишекий ва дигарон машғул гардиданд. Хусусан доир ба инкишофи мактаб ва афкори педа­гогии халқҳои ватанамон ва хориҷӣ асарҳои муҳим таълиф шуданд. Чу, оид ба афкори педагогии халцхои Осиёи Миёна олимои С. Р. Раҷабов, Н. К. Қодиров (РСС Ӯзбекистон), А. Э. Измайлов (РСС Қирғизистон), М. О. Орифӣ, И. О. Обидов (РСС Тоҷикистон) Т. Б. Бердиев, М. Д. Аннакурдов ва А. А. Қурбонов (РСС Туркманистон), Д. О. Лордкинанидзе (РСС Гурҷистон), М. М. Маҳдизода (РСС Озарбойҷон) ва дигарон асарҳои сазовори диққат эҷод карданд.

Маркази Педагогикаи буржуазии имрӯза ШМА мебошад. Ба тадқиқи проблемаҳои педагогӣ Ассотсиатсияи маълумоти миллӣ, Ҷамъияти «Фи-Делта Каппа», Бюрои педагогии тест ва ғайра машғуланд. Дар университетҳои Колум­бия, Гарвард, Принстон, Чикаго, Питсбург ва ғайра кафедраҳое ташкил карда шудаанд, ки пайваста корҳои таълимйӣ ва илмӣ мебаранд. Дар Англия Институти миллии тадқиқоти пе­дагогӣ ва Институти педагогикаи Университети Лондон, дар Франсия Институти миллии педагогӣ, дар РФГ Институти немисии педагогикаи илмӣ, Институти Коменский, Институти байналхалқии тадқиқоти пе­дагогӣ нуфузи зиёде доранд. Ин марказҳои илми буржуазӣ проблемаҳои муҳимтарини таълим ва тар­бияи насли наврасро бо сиёсат ва идеологияи Педагогии буржуазӣ узван алоқаманд мекунанд.

Дар мамлакатҳои капиталистӣ педагогҳои марксист низ ҳастанд, ки барои Педагогика пешқадам мубориза ме­баранд. Дар як қатор мамлакатҳо онҳо муассисаҳои тадқиқоти илмии худро ташкил карда, ба тадқиқи проблемаҳои таълим ва тарбия машғуланд. Ба ёрии муаллимон Партияи Коммунистии Франсия журнали «Мактаб ва миллат», Италия «Ислоҳоти мак­таб», Англия «Маълумот имрӯз ва фардо»-ро нашр менамоянд.

Олимони пепқадами Ғарб пробле­маҳои муҳимтарини Пудагогикаро аз нуқтаи назари марксистӣ ҳал намуда, назария ва амалияи таълиму тарбияро бо далелҳои нав ғанӣ гардонда, комёбиҳои афкори педагогии мамла­катҳои сотсиалистиро тарғиб меку­нанд, характери синфӣ ва моҳияти реаксионии назарияҳои Педагогикаи буржуазиро фош менамоянд. П. Кроссер, М. Корнфрот, Р. Заззо, Ф. Секле-Риу, А. Банфи, Д. Йовин, И. Адлер аз ҳа­мин қабил олимонанд. Педагогҳои коммунист Б. Саймон, М. Моррис, А. Валлон як қатор асарҳои худро ба ошкор намудани характери синфии маълумот бахшидаанд.

Партияҳои коммунистии мамлакат­ҳои капиталистӣ программаи васеъ ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки ба куллӣ демократонидани маорифи халқро тартиб додаанд, ки асоси он методологияи марксистӣ-ленинист. Ин программаҳо ташкили мактабҳои ягонаи маълумоти умумиро дар назар доранд.

Аз тарафи олимони коммунисти мамлакатҳои капиталистӣ хал карда

шудани муҳимтарин масъалаҳои таълим ва тарбия саҳми калони онҳост дар мубориза ба муқобили идеологияи буржуазӣ ва мубориза барои сотсиализм.

Ад.: Маркс К. и Энгелс Ф.. О воспитании и образовании, М 1057; Л е- н и п В. И., О воспитании и образовании, М., 19(53; Орифй М., Аэ таърихи зфко- ри педагогии ха л пи точив, ч. 1 —2. Д., 1962—65; Об и лов И. О., Очерки мух- тасари таърихи маорифи халки Точикис* тон, Д., 1965; х а м о н м у а л., История развитии народного образования в Тад­жикской ССР (1917—07 гг), Д., 1968; Болдырев Н. И., Методикаи корҳои тарбиявӣ дар мактаб, Д., 1979; Кома­ровский Б. Б„ Диалектика развитии научно-педагогической мысли. М., 1929; Струминский В., Теоретическая дис­куссия в советской педагогике, М., 1930; Гончаров Н. К., Основы педагогики, М., 1947; Шимбирев П. Н.. О г о р о Д- н и к о в И. Т., Педагогика (Учебник для педагогических институтов), М., 1954; Королев Ф. Ф. Очерки по истории со­ветской школы и педагогики, 1917—20, М., 1958; М о ш н и и И. Д., Элементы пе­дагогики в партийной работе. М., 1965; Юсуфбеков Р., Расцвет народного обрзования в Советском Таджикистане, Д., 1908; Педагогика. Под общей редак­цией Г. И. Щукиной, М., 1966; Огород­ников И. Т., Педагогика, М., 1968; Болдырев Ы. И., Гончаров Н. К., [ва диг.1, Педагогика. М., 1968; Ильина Т. А., Педагогика, М., 1968; Констан­тинов Н. А., Медынский К. Н., |ва диг.], История педагогики. М., 1974; Педагогика школы. Под ред. II. Т. Ого­родникова, М., 1978.        

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …