Маълумоти охирин

Печора

Печора, дарёест дар шимолу шарқи қисми европоии СССР. Тӯлаш 1809 км, масоҳати ҳавзааш 322 ҳазор км2. Аз кӯҳҳои Урали Шимолӣ сар шуда, ба халиҷаки Печораи баҳри Печора мерезад. Аз саргаҳ то резишгоҳи дарёи Уня Печора аз байни кӯҳ мегузарад. 130 км болотар аз резишгоҳаш Печора ба ду шоха (шарқиаш Печораи Калон, ғарбиаш Печораи Хурд) ҷудо мешавад. Дар резишгоҳ делтаро  ташки л медиҳад, ки бараш қариб  45 км аст. Шоҳобҳои калони Печора аз  чап — Милваи Шимолӣ, Кожва, Ижма, Пижма, Силма, Сула; аз рост —Илич, Шуғор, Уса, Лая, Шайкина.

Манбааш асосан барф. Сарфи миёнаи об дар резишгоҳ 4100 м3/сон. Охири октябр ях баста, охирҳои май яхаш об мешавад. Баҳорон пуроб аст (сатҳи об 11 м, баъзан то 14 шавад). Печора то баҳору тирамоҳ то Уст-Ун киштигард аст. Киштиҳои баҳрӣ то шаҳри Нарян-Мар (110 км дуртар аз баҳр) дохил мешаванд. Ба воситаи П.ечора чӯб, ангиштсанг, маҳсулоти нефт, масолеҳи бинокорӣ, ғалла ва ғайра мекашонанд. Истгоҳҳои асосии киштиҳо: Нарян-Мар, Уст-Силма, Печора ва Тротско Печорек. Аз дарё чанд хел моҳӣ (сёмга, сиг, ряпушка ва ғайра) мегиранд. Дар ҳавзаи Печора конҳои ангиштсанг, нефт ва газ ҳаст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …