Маълумоти охирин

Печак

Печак 1) а ш а қ а, л а б л о б, к ӯ й печек (Соnvolvulus arvensis), гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи печакиҳо. Пояаш пе­чанда буда, дарозиаш аз 20 см то 2 м аст. Баргаш думчадор, байзашакли эллипсӣ, сегушаи дарозрӯя ва аз тарафи думчааш пайконшакл; гулаш пайвастабарги дифшакл, гӯлобӣ, баъзан сафед; ғӯзааш мудаввари байзашакл, тухмаш каҳваранг. Аз моҳи апрели то сентябр гул мекунад. Яке аз паҳншудатарин алафҳои бегона аст. Дар киштзори ғалладона, пахтазор, юнучқазор, бор, канори роҳ, нишебиҳои кӯҳ, ва ғайра месабзад. Дар СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Сибири Ғарбӣ, Шарқи Дур, Осиёи Миёна), аз ҷумла дар бисёр районҳои РСС Тоҷикистон месабзад.

Печакро дар фитотерапия чун давои мусҳил ва шошарон истифода мебаранд. Онро моли майда нағз мехӯрад. Аммо миқдори зиёдаш заҳрнок (махсусан барои асп) аст ва ҳангоми заҳролудшавӣ аз он исҳол, беҳолӣ ва паст шудани ҳарорати бадан (то 35°С) рӯй медиҳад. 2) Номи дигари дастанбӯй.

Ад.: Г у с ы п и н И. А., Токсикология ядовитых растений. М., 1962; Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967.

Инчунин кобед

tasbeh

ТАСБЕҲ

ТАСБЕҲ, субҳа (арабӣ—субҳоналлоҳ гуфтан, худоро ёд кардан), як шадда мӯҳраҳоро гӯянд, ки шахси тасбеҳгардон адади …